Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти як тан аз пешвоёни инқилоби норинҷии Украина


Вазири собиқи умури дохилаи Украина ва аз қаҳрамонҳои инқилоби норинҷии соли 2004-ум дар ин кишвар Юрий Лутсенко, дар чаҳорчӯби таҳқиқи парвандаи ҷиноии сарвазири пешин Юлия Тимошенко, боздошт шудааст.

Ба гуфтаи Инна Кисил, сухангӯи ҷаноби Лутсенко, вай ҳангоми сайругашт бо сагаш дар кӯча аз тарафи як гурӯҳи иборат аз 10 афсари вижаи амниятӣ дастгир шудааст.

Ангезаи сиёсии боздошт

Юрий Лутсенко аз қаҳрамонони инқилоби норанҷии 6 соли пеш ва аз ёрони наздики сарвазири собиқи Украина Юлия Тимошенко маҳсуб мешавад ва ба бовари нозирони умур, боздошти ӯ паёми рӯшане ба раҳбари феълии мухолифини ин кишвар аст, ки акнун навбати кист.

Инна Кисил, сухангӯи Лутсенко мегӯяд, ки як гурӯҳи бузурги афсарони вижа, вазири собиқро вақте дастгир карданд, ки сагашро барои ҳавохӯрӣ ба кӯча бароварда буд.

Ӯ афзуд, Лутсенкоро маъмурони Хадамоти амнияти Украина (СБУ) гирифтаанд. Дафтари додситонии Украина низ боздошти вазири собиқи умури дохила дар кобинаи вазирони Юлия Тимошенкоро таъйид кард, вале гуфт, баёнияи вижа дар мавриди Юрий Лутсенко рӯзи душанбе нашр хоҳад шуд.

Иттиҳом барои сӯъистифода аз мақом

Шоми якшанбе ба Лутсенко имкон додаанд, то ба вакили мудофеъаш хабар диҳад, ки ӯро дар чаҳорчӯби таҳқиқи парвандаи заҳролудкунии раисиҷумҳури собиқи Украина Виктор Юшенко дар ҷараёни корзори пешазинтихоботии соли 2004 боздошт кардаанд. Лутсенкои 46-соларо, ки дар пайи шикасти Юлия Тимошенко дар интихоботи соли гузаштаи раёсатҷумҳурии Украина ва рӯи кор омадани давлати Виктор Янукович ба истеъфо рафт, мақомоти Украина ҳанӯз моҳе қабл ба сӯъистифода аз мақом ва тасарруфи моликияти давлатӣ айбдор карда буданд.

Ба навиштаи ББС, алайҳи Юрий Лутсенко феълан бо иттиҳоми сӯъистифода аз мақом ва истифодаи нодурусти маболиғи давлатӣ парванда боз шудааст, вале танҳо мавриде, ки дар ин парванда меояд, бо шеваи ғайриқонунӣ ба кор истихдом кардану нафақаи бознишастагӣ пардохтан ба ронандааш будааст. Қаблан аз ӯ забонхат гирифта буданд, ки то анҷоми таҳқиқот аз Киев берун наравад. Вале додситонии Украина ҳанӯз рӯзи 20 декабр таҳдид карда буд, ки агар Лутсенко ба мутолиаи айбномаи алайҳаш эълоншуда шурӯъ накунад, ӯро боздошт хоҳанд кард. Худи вазири собиқ ин ҳама иттиҳомотро ба таври мукаррар радд карда, мегуфт, парвандаи ӯ ҷанбаи сирф сиёсӣ дорад.

Боздошти ёрони Тимошенко идома дорад

Мақомоти феълии Украина, ки дар пайи шикасти Юлия Тимошенко дар интихоботи соли 2009 ва пирӯзии Виктор Янукович ба қудрат расидаанд, то ҳол алакай алайҳи чандин тан аз аъзои кобинаи Тимошенко парванда боз кардаанд. Аалайҳи худи хонум Тимошенко низ чунин як парванда боз шуда, мақомот ӯро дар сӯъистифода аз мақом айбдор мекунанд. Худи Тимошенко ин парвандаро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ ва натиҷаи интиқомҷӯии давлати Янукович меномад.

Худи иттиҳом ҳам, ки ба эътирофи тафтишот, аз як мавриди пардохти нафақаи пиронсолон аз ҳисоби маболиғи махсуси барномаҳои коҳиши партоби газҳои гулхонаӣ будааст, ба бовари таҳлилгарон, ба обрӯи сарвазири собиқ баръакс меафзояд, ки ба хотири нафақахӯрон аз барномаҳои зистмуҳитӣ сарфи назар кардааст.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, агар мақомоти феълӣ бо аҷала иттиҳоми ҷиддитаре алайҳи ӯ пайдо накунанд, ончӣ феълан дар дасти тафтишот ҳаст, Тимошенко ва ёрону ӯ, бо шумули Юрий Лутсенкоро дар ин моҷаро бештар як ҷониби аз сӯи сардамдорони кунунӣ ҷабрдида нишон медиҳад, то афроде, ки дар сари қудрат даст ба ҷайби давлат задаанд.
XS
SM
MD
LG