Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чолишҳои пешрӯйи Барак Обама


Раисҷумҳури Амрико Барак Обама ба нимаи даври раёсати худ бо шонаҳои пур аз бори сангини давлатдорӣ ворид мешавад. Кашидани бори масъулият барои раисони ҷумҳури Амрико як ҳолати муқаррарӣ аст. Аммо ин, чолишҳоеро, ки Обама дар пешрӯй дорад, осон намекунад.

Барак Обама ба сеюмин соли президентии худ бо чолишҳо ва монеъаҳое ворид мешавад, ки бақои умри сиёсии ӯ ба ҳалли онҳо вобаста хоҳад буд. Ин далел, ки ӯ натавонист сатҳи иқтисодро боло ва бекориро поён бубарад, тавонмандии сиёсии ӯро ба чолиш кашид ва ин воқеъият, ки ҳизби Демократи ӯ дар интихоботи миёндаврагии моҳи ноябр аз ҳизби рақиби Ҷумҳурихоҳ мағлуб гардид, норозигиҳоеро дар дохили Ҳизби Демократи Обама ба вуҷуд овард.

Табли зудҳангом...

Аммо таҳлилгарон мегӯянд, бо ин ҳол низ ҳоло аз бозӣ берун кардани Обама барвақт аст. Мақоми раёсат имконоти зиёдеро дар ихтиёри мақомдор мегузорад, ки дар сурати истифодаи бохирадонаи онҳо, Обама метавонад вазъро ба фоидаи худ тағйир диҳад ва дар интихоботи соли 2012 барои даври дуюм раисҷумҳур интихоб шавад.

Онҳо аз раисҷумҳури қаблӣ Билл Клинтон ёдовар мешаванд, ки дар соли 1994 баъди шикаст дар нимаи аввали раёсат дар ҳолате қарор дошт, ки ҳоло Обама рӯ ба рӯ шудааст. Уиллиям Галстон, ки он замон мушовири масоили дохилӣ дар маъмурияти президент Клинтон буд мегӯяд, вазъи сангини президент Обама дар воқеъ баъзе имконоти стратегиро дар ихтиёри ӯ гузоштааст:

“Ӯ бояд ба мухолифин даст диҳад, ба таври муназзам. Ин амал аз ду як натиҷаро ба бор хоҳад овард: онҳо, яъне мухолифин, агар дасти Обамаро нагиранд, мардуми Амрико худаш хоҳад дид, ки кишварро кӣ ба қафо мекашад ва кӣ не. Ё ин, ки агар онҳо дасти Обамаро бигиранд, ӯ дар ин сурат барои чунин раҳбарие, ки мардум меҷӯянд, баҳои баланд хоҳад гирифт. Ӯ бохт нахоҳад дошт.”

Обама низ дар ин самт ҳаракат дорад. Авоили декабр ӯ аз созиш бо ҷумҳурихоҳони саршинос дар масъалаи коҳиши молиёти давраи Ҷорҷ Буш дар ивази афзоиши кӯмаки иҷтимоӣ ба бекорон ва имтиёзҳои дигар, хабар дод.

Ҳамсангарони Обам аз ӯ нохушнуданд

Ин созиш бархе аз аъзои ҳизби Демократро нороҳат кард. Вале ин иқдом ҳамчунин ба Барак Обама имкон дод, худро ҳамчун раҳбаре муаррифӣ кунад, ки манофеъи миллиро аз манфиъатҳои сиёсӣ боло мегузорад. Президент Обама дар шарҳи ин иқдоми худ гуфт:

“Муборизаи тӯлонии сиёсӣ, ки соли оянда низ идома мекунад, шояд барои сиёсат хуб бошд. Аммо барои иқтисод ва барои мардуми Амрико ҳеҷ хубие надорад. Масъулияти ман ҳамчун раисиҷумҳур анҷоми амалест, ки ба манфиати мардум бошад. Ин масъулиятест, ки ман то замони дар мақом будан пайгирӣ хоҳам кард.”

Аз сӯи дигар ин стартегия метавонад ба осонӣ ба самти каҷ ҳаракат кунад ва барои татбиқи бомувафақияти он Обамаро зарур мешавад, ки тамоми нерӯву ҳунармандии раҳбарияшро ба кор бубарад.

Ду хатари бунёдӣ дар пешорӯи Обама

Уиллиам Манн, пажӯҳишгари умури сиёсат дар донишгоҳи Брукингси Вашингтон мегӯяд, ки Обама ду риск ё хатари бунёдиро дар пешорӯ дорад. “Аз ҳама аввал ва муҳим масъалаи иқтисод аст- мегӯяд таҳлилагар ва меафзояд, “Агар иқтисод дар ҳолати депрессия бимонад, сарфи назар аз манёврҳои ҳушёронаи сиёсӣ, умедвории Обама барои дар мақом боқӣ мондан ночиз хоҳад буд.”

Ба гуфтаи Уиллиям Манн, дуюмин риски бунёдӣ, ин таҳдиди ихтилоф дар дохили ҳизби Демократ аст. Ҷанги манфури Афғонистон ва созишҳои Обама бо Ҷумҳурихоҳон, дар ниҳояти амр чолишҳоеро дар интихоботи дохили ҳизбӣ эҷод хоҳанд кард. Дар чунин ҳол Обама наметавонад ба дастгирии Ҷумҳурихоҳон умед бубандад.

Худи Ҷумҳурихоҳон дар Конгресси оянда, ки бори аввал 3-юми январ ҷаласа мекунад, зери фишори гурӯҳи тозаинтихобшудаи муҳофизакорон бо номи “Маҳфили Чой” қарор мегиранд, ки ба барномаҳои умдаи Обама, ислоҳоти соҳаи иқтисод ва кӯмаки густардаи ҳукумат ба иқтисод мухолифат доранд. Ҷумҳурихоҳон аз ҳоло ваъда кардаанд, ки бо ҳар роҳе бошад барномаи ислоҳоти беҳдошт ва харҷҳои дигари ҳукуматро хунсо кунанд. Назорати онҳо бар палатаи намояндагон ин гуна фишангро барои онҳо фароҳам кардааст.

Иқтисод- чолиши умдаи маъмурияти Обама

Рӯзноманигор Эван Томас, ки барои маҷаллаи “Нюзвик” менависад , бар ин назар аст, ки Обама бояд фаротар ҳаракат кунад ва барои манъ кардани мушкилоти молии Амрико аз иқдомоти ҷиддӣ кор бигирад. Ӯ мегӯяд, агар Обама умед дорад, ки худро ҳамчун раиси ҷумҳури муассир пениҳод кунад ва мероси худро амн нигаҳ дорад, бояд ҳақиқатро дар бораи касри будҷа, қарзҳои Амрико рӯирост бо интихобкунандаҳо дар миён гузорад.

Аммо Уиллиам Манн аз донишгоҳи Брукингси Вашингтон аз тамаркузи маҳдуд ба касри будҷа ҳушдор дод ва гуфт мушкилоти молии кишвар он қадар муҳим нестанд. Муҳим таҳияи стратегияи иқтисоди қобили зист аст, ки шикофи байни синфи доро ва мардуми камбизоатро коҳиш диҳад.

Мухолифон дар каминанд...

Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, агар Обама аз иштибоҳҳои худ панд нагирад, вазъи у чандон беҳ нахоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки рақибони ҷумҳурихоҳи ӯ ҳар қадамашро бо заррабин назорат мекунанд.

Аммо тарафдорони Барак Обама розӣ нестанд, ки дастовардҳои президент ночиз арзёбӣ мешаванд. Онҳо дар ин камбуди пеш аз ҳама Кохи Сафедро айбдор мекунанд, ки пайғомҳои худро ба интихобкунандаҳо дуруст намерасонад. Онҳо мегӯянд, барои намуна интихобкунандаҳо аз коҳиши молиёт барои синфи миёна, ки Обама татбиқ кардааст, тақрибан бехабар монаданд.

Уиллиам Галстон, мушовири Бил Клинтон дар умури масоили дохилӣ, бо тасдиқи ин, ки Обама дар масъалаи расонидани паём ба интихобкунандаҳо кори барҷастае накардааст, мегӯяд, ин камбудиро Обама метавонад дар остонаи соли нав ислоҳ кунад. Манзур муроҷиъати президент ба мардуми Амрико дар остонаи соли нав аст, ки Галстон онро муҳимтарин суханронии сиёсӣ дар тӯли президентии Обама мешуморад.
XS
SM
MD
LG