Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти яке аз ёрони наздики Тимошенко дар Киев


Юрий Лутсенко, вазири собиқи умури дохилии Украина, аз сӯи мақомоти амниятии ин кишвар боздошт шудааст. Додситонии Украина бо таъйиди танҳо хабари боздошти Лутсенко иктифо карда гуфт, баёнияи расмӣ дар ин бора рӯзи душанбе нашр хоҳад шуд. Шоми якшанбе ба Лутсенко фурсат доданд, то ба вакили мудофеъаш хабар диҳад, ки ӯро дар чаҳорчӯби таҳқиқи парвандаи заҳролудкунии раисиҷумҳури собиқ Виктор Юшенко қабл аз интихоботи соли 2004 дастгир кардаанд. Моҳе пеш додситонии Украина Лутсенкоро ба сӯъиистифода аз мақом айбдор карда, қаблан алайҳи сарвазири пешин Юлия Тимошенко низ бо чунин иттиҳом парвандаи ҷиноӣ боз кард.
XS
SM
MD
LG