Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лимити барқ дар Соли нав лағв хоҳад шуд


Ширкати “Барқи Тоҷик” гуфтааст, дар рӯзҳои таҷлили Соли нав – 31 декабр ва 1 январ – лимити нирӯи барқро ба сурати муваққат аз миён хоҳад бардошт. Нозир Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи Тоҷик” гуфтааст, тайи ин 2 рӯз лимити барқ дар саросари кишвар бардошта хоҳад шуд.
Феълан дар музофоти Тоҷикистон дар шабонарӯз ба аҳолӣ ҳамагӣ то 10 соат нирӯи барқ дода мешавад.
Тоҷикистон дар ҳар фасли сармо ба камбуди шадиди нирӯи барқ рӯбарӯ шуда, аз ин рӯ, ба истиснои пойтахт ва марокизи маъмурӣ дар боқӣ қаламраваш лимити барқ ҷорӣ мекунад, ки маъмулан то 6 моҳ дар сол идома меёбад.
XS
SM
MD
LG