Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми Ходорковский имрӯз эълон мешавад


Қарор аст, имрӯз дар Маскав ҳукми мурофиаи дуввуми алайҳи Михаил Ходорковский эълон шавад. Ходорковский, ки дар гузашта бойтарин нафар дар Русия маҳсуб мешуд ва алакай ба 8 соли зиндон маҳкум шудааст, ин бор ба сирқати пули нафт ба маблағи 25 миллиард доллар муттаҳам мешавад. Сарвазири Русия Владимир Путин Ходорковскийро бо сармоядори бадномшудаи амрикоӣ Бернард Медофф монанд карда, гуфтааст, ки ӯ бояд дар зиндон бишинад.
Аммо тарафдоронаш мегӯянд, ки Михаил Ходорковский ба маҳзи таъмини молии аҳзоби мухолиф ҳадафи чунин қаҳри сахти Кремл қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG