Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти як қочоқбари тоҷик дар Беларус


Маъмурони Кумитаи амнияти давлатии Беларус як шаҳрванди Тоҷикистонро дар вилояти Гомел бо иттиҳоми қочоқи 4 кило ҳероин ва як кило ҳашиш дастгир кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, маводи мухаддири ёфтшуда бахше аз як бори бузурги ҳероин ва ҳашиши афғониест, ки бо қасди қочоқ ба Аврупои ғарбӣ ба Беларус оварда шудааст. Гуфта мешавад, маводи мухаддирро аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон ба Русияву Беларус ва аз ин ҷо аз тариқи кишварҳои соҳили Балтик ба ИА қочоқ мекунанд.
XS
SM
MD
LG