Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон: Ҳукми қатл барои ҷосусӣ ба манфиати Исроил


Бино бар хабарҳои матбуот, ки дар онҳо аз додситони Теҳрон Аббос Ҷаъфарии Давлатободӣ нақли қавл шудааст, Додгоҳи инқилоби исломии Эрон фардеро бо иттиҳоми ҷосусӣ барои "режими сайҳунистӣ" ба қатл маҳкум кардааст. Давлатободӣ гуфтааст, ҳувияти ин шахс замоне ошкор хоҳад шуд, ки Додгоҳи Олии Эрон ҳукмро тасдиқ кунад. Давлатободӣ дар моҳи октябр гуфта буд, ду эронӣ бо иттиҳоми ҷосусӣ барои Исроил боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG