Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоии "Русия барои ҳама" дар маркази Маскав


Дар Маскав, пойтахти Русия, бо вуҷуди сардии тоқатфарсои ҳаво раҳпаймоии "Русия барои ҳама" ҷараён гирифт, ки эътироз аз тазоҳуроти миллатгароёни рус дар 11-уми декабр шумурда мешавад. Он рӯз садҳо ҷавону наврас бо шиори "Русия барои русҳо" ба майдонҳо рехта, ғайрирусҳоро латукӯб карданд ва бо полис даргир шуданд. Дар намоиши "Русия барои ҳама", ташаббускори он, нависанда Виктор Шендерович гуфт, мардуми Русия бояд алайҳи бегонаситезӣ ва инсонбадбинӣ дар Русия садо баланд кунанд. Гирдиҳамоӣ дар ҳоле ҷараён гирифт, ки раиси "Роспотребнадзор"-и Русия, Геннадий Онишенко аз мардуми Маскав даъват кард, бо сабаби сардии ҳаво ва яхбандони шадид аз хонаҳои худ набароянд.
XS
SM
MD
LG