Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳбуби Ганҷаалӣ, номи аслияш Абдулазизи Восеъ, дар шабакаи ҷаҳонии интернет қаламрави рангини худро дорад. Ҷое кӯҳу адир, ҷое боғу гулистон. Майдони аспдавонӣ. Аспи андеша бо тозиёнаи танз. Территория дар торнигори хусусияш, ки баъдан дар зеҳни хонандагон доман мегустурад.

Бунёдгузори блоги "Маҳбуб - ТҶ" фазои диданиеро офаридааст, ки имконияти ҷалби тамошобинони бешуморро дорад. Калидвожаҳое чун Зафар Нозим, Ҷӯрабеки Мурод, Шабнами Сурайё, Далери Назар, Дӯстмуроди Алӣ, Манижаи Давлат, Валиҷон Азизов, Шаҳроми Абӯбакр, Дилноза ва даҳҳои дигар метавонанд ба зудӣ ҳазорон нафар аз дӯстодорони созу овозро ба ин майдон бикашанд.
Ман ягон сарояндаро бад намебинам, танҳо мехоҳам, суруду оҳангу рақси тоҷикӣ озода бошад...

Ин торнигорест, ки ба ҳунари мусиқии Тоҷикистон, омилҳои комёбӣ ва иллатҳои номуваффақии овозхонон, муносибати дилсардонаи мақомоти давлат ба ҳунар ва ҳунарманд, бесарусомониҳо дар намоишҳои ҳунарӣ, матнҳои ноқису оҳангҳои нобарор, ҷойгоҳи ҳунар дар ҳаёти мардум ва ҳатто пайванди музҳики маъвиза ва тарона бахшида шудааст ва аз ҳама муҳимаш ҳар навишта дар он бо сабки шево, ҷузъиёти нодир ва самимияти сухан хотирнишин аст.

Сабки ӯ на танҳо танзомез, балки ҳамчунин шарикона ва дилсӯзона низ аст. Ин аст, ки лаҳнашро дилрас мекунад.

Торнигори Маҳбуб аз ноябри соли 2009 ба ин сӯ вуҷуд дорад ва агар доираи мавзӯъ ва қаҳрамонони он густаришу баҳо ва таҳлилҳояш умқи бештар, танзаш мурчу намаку занҷабили зиёдтар ёфта бошад, як ҷанбаи хосе буд, ки зоҳиран рӯ ба коҳиш дорад. Ин бархӯрду эҳсосоти пуршӯри хусусӣ ва баёни ҷасуронаи он аст.

Агар дар навиштаҳои аввалааш пойдевори андешаҳояшро аз қиссаҳои бибию хотираҳои бачагияш месохт, акнун гоҳе бе ҳеҷ далел ба гуфтаҳои иқтибосӣ ва "дастидувум" такия мекунад. Шояд ин хислат аз таъиноти ҳамчунин матбуотии навиштаҳояш маншаъ мегирад, аммо боз ҳам хуб аст, ки ҳувияти шахсии ӯ дар торнигор ҳанӯз маҳфуз аст ва Худо кунад, ҳифз шаваду таҳкими бештар ёбад.

Вале нависонавис дар бораи шоу-бизнес хатарнок ҳам ҳаст. Бисёр блогнависоне, ки бо ситораҳои саҳна сари кор доранд, гоҳе ҳадафи мушту лагаду дашноми онҳо қарор меёбанд. Маҳбуби Ганҷаалӣ шукр мегузорад, ки кор ҳанӯз то ин ҷо накашидааст, ҳарчанд як овозхон таҳдид кардааст, ки ӯро ба додгоҳ мекашад. Вай мегӯяд: "Ман ягон сарояндаро бад намебинам, танҳо мехоҳам, суруду оҳангу рақси тоҷикӣ озода бошад."

Маҳбуб мегӯяд, шояд сарояндагон дар ҳамҳамаи тӯйгардиҳо ва машаққати олбумсозиҳо фурсату икмони хондани блоги ӯро надоранд ва ё мумкин аст, ба сухани ӯ зиёд сарфаҳм намераванд, ки ҳанӯз дар амну офият ба сар мебарад ва қалам ба намак тар кардаву менависад. Аммо агар Маҳбуб роҳи эҳтиётро дар пеши гирад, маҳбуб нахоҳад шуд ва маҳбубияташро аз даст хоҳад дод. Шиори ӯ хушоянд аст, ки шояд афроде бо ӯ мувофиқ набошанд, аммо вай ҳамин аст, ки ҳамин...

Абдулазизи Восеъ мегӯяд, аслан дар андешаи эҳтиёткорӣ нест, балки дар фикри он аст, ки чӣ тавр акнун шӯҳрати Маҳбуби Ганҷаалиро ба худаш нисбат диҳад, зеро номи Маҳбуб аз давраи донишомӯзӣ дар бахши журнализми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон зимни як саҳначаи ҳаҷвӣ ба ӯ "часпид" ва Ганҷаалӣ, номи падараш аст. Абдулазизи Восеъ акнун ба Маҳбуби Ганҷаалӣ ҳасад мебарад. Вале магар офаридани як инсони дигар бо он ҳама вижагию ҳувияташ магар коре бузургтар аз сохтани "клон" нест?

Ба меҳмонсарои хушбодуҳавои Абдулазизи Восеъ меҳмон шавед, коху кӯшку бӯстонсарой аст, ҳарчанд худаш онро хоксорона "кулба" меномад. Пайвандак ин ҷост:

MAHBUB - TJ. Сабзид устухонам, аммо қалам насабзид...

Абудлазизи Восеъ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG