Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази кӯмакҳои СММ дар Покистон баъд аз таркиш баста шуд


Барномаи хӯроквории Созмони Милал маркази тақисми кӯмакҳои ғизоияш дар шимолуғарби Покистонро баъд аз таркиши худкушонае, ки 43 нафарро ба ҳалокат расонд, хоҳад баст. Сухангӯи ин барнома дар Покистон, Шафиқ Хон гуфт, маркази мазкур дар минтақаи Боҷовари наздикии марзи Афғонистон ба кори худ хотима медиҳад. Рӯзи гузашта марде дар либоси занона ба сафи мардуме, ки барои ғизо навбат гирифта буданд, ду норинҷаки дастӣ партоб кард ва сипас, бомбаберо, ки зери бурқа пинҳон карда буд, мунфаҷир кард. Дар ин воқеа ҳамчунин зиёда аз 50 тан захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG