Пайвандҳои дастрасӣ

Поёни сафари вазири дифои Канада ба Афғонистон


Вазири дифои Канада, Питер Маккей сафари чаҳоррӯзаи худ ба Афғонистонро поён дод. Дар ин сафар вай аз омодагии нерӯҳои Канада ба амалиёти ниҳоии ҳарбии соли оянда дар Қандаҳор огаҳӣ ёфт. Маккей дар изҳороташ гуфтааст, нерӯҳои Канада дар фазои душвор ба пешрафтҳои муҳим даст ёфтаанд. Қарор аст, нерӯҳои Канада дар моҳи июли соли 2011 фаъолияти ҷангии худ дар Афғонистонро ба поён бурда, ба умури тамрин ва омӯзониши нерӯҳои афғон машғул шаванд, ки то соли 2014 идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG