Пайвандҳои дастрасӣ

1,5 млн доллар барои китоби ояндаи бунёдгузори WikiLeaks


Бунёдгузори торнамои Викиликс, Ҷулиан Ассанҷ дар мусоҳибае бо рӯзномаи "Сандей Таймс"-и Бритониё имрӯз гуфт, барои навиштани китобе аз зиндагии хеш ба якуним миллион доллар созишнома имзо кардааст. Вай афзуд, ин сармоя ба ӯ кӯмак хоҳад кард, то худро аз иттиҳомоти озори ҷинсӣ, ки аз тарафи ду хонум даро Шведсия ба миён омадааст, дифоъ намояд. Ассанҷ, ки дар ивази гаравпулӣ аз зиндон озод шудааст, ҳаққи тарки Бритониёро надорад ва аз ҳамаи ҳаракати хеш ба полис иттилоъ медиҳад. Қарор аст, додгоҳи истирдоди ӯ ба Шведсия рӯзи 7-уми феврал баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG