Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афви Байнулмилал хостори афви фаъоли курд шуд


Созмони Афви Байнулмилал аз мақомоти Эрон хостааст, ҳукми қатли фаъоли курд Ҳабибуллоҳ Латифи Латифӣ ба иҷро нарасад. Латифӣ дар соли 2008 бо иттиҳоми "роҳандозии ҷанги зидди Худо" зимни ҳамкорӣ бо Ҳизби ҳаёти озоди Курдистон, ки як гурӯҳи мамнӯъ мебошад, ба қатл маҳкум шудааст. Латифӣ ин ҳамкориро эътироф кард, аммо гуфт, даст ба ҳеҷ хушунате назадааст. Афви Байнулмилал мегӯяд, таҳқиқ ва муҳокимаи аъмоли Латифӣ одилона ва қонунӣ ҷараён наёфтааст.
XS
SM
MD
LG