Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи интиҳорӣ дар Покистон 41 кушта бар ҷой гузошт


Як зан рӯзи шанбе камарбанди пур аз маводи таркандаи худро дар шимол-ғарбӣ Покистон дар миёни ҷамъияте, ки дар як маҳалли кӯмакрасонӣ истода буданд, мунфаҷир кард ва бо ин кор, боиси кушта шудани дастикам 41 нафар ва захмӣ шудани даҳҳо тани дигар гардид.

Ба гуфтаи хабаргузориҳо, ин ҳамла, ки дар шаҳри Хар, маркази минтақаи Беҷовар дар наздикии марзи Афғонистон руй дод, нахустин ҳамлаи интиҳорӣ тавассути як зан дар Покистон аз декабри соли 2007 то кунун аст.

Бино ба гузоришҳо, рӯзи шанбе зане, ки чодари рӯйбанддор бар сар дошт, нахуст ду норинҷаки дастиро дар миёни ҷамъияти 300 нафара, ки дар яке аз марказҳои тавзеи хӯрок гирд омада буданд, партоб кард ва сипас банди камарбанди инфиҷории худро кашид.

Ба гузориши хабаргузории Ассошиэтед Пресс, Ториқ Хон , яке аз мақомҳои давлатӣ дар маҳал, шумори захмиёнро 60 тан зикр кардааст, ки ҳоли теъдоде аз онҳо вахим аст. Қурбониён аз мардуми қабилаи Соларзай буданд, ки ба хотири амалиёти артиш алайҳи Толибон дар аввалҳои моҳи апрели соли 2009 аз шаҳрҳо ва рустоҳои худ овора шуданд ва барои дарёфти купонҳои маводи хӯрокаи СММ, рӯзона дар ин маҳал гирд меомаданд.

Қабилаи Соларзай дар амалиёти артиш алайҳи Толибон ба артиш кӯмак кардааст ва ба гузориши хабаргузории Райтер, Аъзам Ториқ, аз сухангӯёни Толибон гуфтааст, ки Толибон ин ҳамлаи интиҳориро ба ӯҳда мегиранд ва ин ҳамла ба манзури интиқом аз фаъолияти соларзайиҳо алайҳи Толибон анҷом шудааст.

Ин ҳамлаи интиҳорӣ дар ҳоле рух медиҳад, ки ба гузориши Асошиэтед Пресс, тӯпхонаҳо ва чархболҳои артиши Покистон дар дуввумин рӯзи оғози набарди бузург бо шибҳи низомиён дар минтақаи қабоилии Муҳманд, 40 тан аз ин шибҳи низомиёнро куштанд. Як рӯз пеш аз ин ҳамлаҳо, дар ҳудуди 150 пайкорҷӯ ба панҷ пойгоҳи артиш дар Маҳманд ҳамла карда ва 11 сарбозро куштанд, ки дар ин набард 24 тан аз пайкорҷӯён низ ҷони худро аз даст доданд.

Пеш аз ин, шибҳи низомиён чандин бор ба марокизи кӯмакҳои байналмиллалӣ дар Покистон ҳамла кардаанд, ки ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, метавонад ба ин хотир бошад, ки шибҳи низомиён ба ин марокиз ба чашми намодҳои нуфузи давлатӣ ва ғарбӣ нигоҳ мекунанд.

Аз соли 2007, ҳазорон нафар дар Покистон бар асари ҳамлаҳои интиҳорӣ ҷони худро аз даст додаанд.
XS
SM
MD
LG