Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон эълом кард, ки аз ҷумлаи ҳафт тан фирорие, ки ҳафтае қабл дар қаламрави Афғонистон боздошт шуда буданд, чаҳор тани онҳо ба шумули Ҳикмат Азизов, мулаққаб ба "Кӯри Малиш" рӯзи гузашта аз Кобул ба Душанбе интиқол ёфтанд.

Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи КАМ-и Тоҷикистон ба РО гуфт, ин ҳафт нафар зимни амалиёти муштараки ниҳодҳои пулис ва амниятии Афғонистон, дар вулусволии Дарқади вилояти Тахор, дар шимоли ин кишвар ба таърихи 18-уми декабр боздошт шудаанд, ки дар миёни онҳо панҷ нафарашон маҳбусони фирорӣ аз боздоштгоҳи муваққати ин кумита дар шаби 22 ба 23-юми августи соли ҷорӣ ҳастанд.

Фирориён истирдод шуданд

Ба гуфтаи ин манбаъ, миёни маҳбусони фирории боздоштшуда, ду сокини Тоҷикистон - Ҳикмат Азизов, муллаққаб ба «Кӯри Малиш» ва Баҳромҷон Орифҷонов ва се нафари дигарашон шаҳрвандони Афғонистон мебошанд.



Амммо Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи КАМ -и Тоҷикистон афзуд, ду нафари дигари боздоштшуда дар қаламрави Афғонистон, Рустам Тоҳирҷонов ва Икром Отабоев, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, ки аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон буда дар як қатор ҷиноятҳои вазнин даст доранд.

Бо ин ҳам, ба таъкиди Нозирҷон Бӯриев, дар ҷараёни сафари рӯзи гузаштаи мақомоти КАМ- Тоҷикистон ба шаҳри Кобул, аз ҷумлаи ҳафт нафари боздоштшуда, танҳо чаҳор нафари онҳо ба ихтиёри ҷониби Тоҷикистон вогузор шудаанд. Ин иқдом дар чаҳорчӯби созишномаҳои ҳамкории дуҷонибаи амниятӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон сурат гирифтааст.

Ба ин тартиб, дар миёни онҳое, ки мақомоти КАМ- Тоҷикистон аз Кобул ба Душанбе интиқол доданд, ду нафар маҳбусони фирорӣ - Ҳикмат Азизов, муллаққаб ба «Кӯри Малиш», маҳбуси фирорӣ ва бародари Неъмат Азизов, аз фармондеҳони мухолифони давлат, ки дар ҳодисаҳои тобистони соли гузашта дар Тавилдара кушта шуд ва Баҳром Орифҷонов ҳастанд.

Аъзои ҲИУ дар миёни боздоштшудагон

Ду тани дигар, Рустам Тоҳирҷонов ва Икром Отабоев, шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки ба гуфтаи мақомот, аъзои фаъоли Ҳаракати исломии Узбакистон ҳастанд.

Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон низ дишаб зимни пахши наворе дар мавриди интиқоли ин чаҳор боздоштшуда аз Кобул ба Душанбе, онҳоро ба намоиш гузошт ва ҳар кадомашон зимни муаррифии худ, даст доштан дар ҷиноятҳоеро иқрор карданд.

Рустам Тоҳирҷонов ва Икром Отабоев, худро аз аъзои Ҳаракати Исломии Узбакистон хонда ва гуфтаанд, ки аз гурӯҳи Абдулло Раҳимов, муллаққаб ба Мулло Абдулло ҷудо шуда ва ба гурӯҳи Ҳикмат Азизов пайвастанд ва ҳамроҳ ба Афғонистон убур карданд.

На ҳама фирориён истирдод шуданд...

Аммо бо вуҷуди он, ки музокироти ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Афғонистон муддати қариб як ҳафта ҷараён дошт, дар ниҳоят се нафар шаҳрвандони Афғонистон, Маҳмадалӣ валади Қурбоналӣ, Муҳаммадвалӣ валади Тозагул, Маҳмадзокир валади Маҳмадҳалим, ки аз маҳбусони фирории боздоштгоҳи муваққати КАМ дар шаби 22 ба 23-юми август мебошанд, ба Тоҷикистон бозпас оварда нашуданд.

Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи КАМ -и Тоҷикистон гуфт, ин се нафар, мавриди пурсишу бозрасии мақомоти амниятии Афғонистон қарор доранд ва сарнавишти онҳо тавассути мақомоти додгоҳии ин кишвар баррасӣ ва ҳал хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан хабаргузориҳо навишта буданд, ки ҷониби Афғонистон барои бозпас додани се фирории боздоштшуда ба Тоҷикистон, ки онҳо шаҳрвандони Афғонистон мебошанд, мувофиқат накардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG