Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳдиди Ҳамос ба густариши хушунат


Ҷунбиши ситезаҷӯи Ҳамос таҳдид кардааст, ки агар шиддат дар масири марзи Исроил ва Навори Ғазза коҳиш наёбад, даст ба хушунатҳои бештар хоҳад зад. Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳавопаймоҳои исроилӣ ба чаҳор мавзеъ дар Навори Ғазза зарба заданд, ки бар асари ин зарбаҳо ду нафар захмӣ шудаанд. Сухангӯи Ҳамос Абуубайда гуфтааст, Исроил бо оташ бозӣ мекунад. Ҳафтаи гузашта ситезаҷӯёни Ҳамос ба ҷануби Исроил 30 мушак сар доданд, ки аз инфиҷори онҳо як духтарчаи 15-сола захмӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG