Пайвандҳои дастрасӣ

Бомбгузори покистонӣ марде дар либоси зан будааст


Бомбгузори худкуш дар либоси занона худро дар сафи хоҳишмандони кӯмаки хӯрокворӣ дар шимолуғарби Покистон мунфаҷир карда, 40 нафарро кушта ва 50 тани дигарро захмӣ кард. Бино бар хабарҳо ҳанӯз ҳам мард ё зан будани ин ҳамлавар муайян нашудааст. Гуфта мешавад, вай, ки бомбро дар зери бурқааш пинҳон карда буд, аввал ду норинҷаки дастиро ба сӯи издиҳоми мардум дар маҳалли тақсими кӯмакҳои хӯрокворӣ партоб кард. Сипас бомберо, ки зери бурқааш дошт, мунфаҷир намуд. Дар ин марказ Барномаи ҷаҳонии хӯрокворӣ ба осебдидагони минтақаи низои мусаллаҳон ёриҳояшро тақсим мекард.
XS
SM
MD
LG