Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Попи Рум ба дифоъ аз насрониҳо даъват кард


Попи Рум, Бенедикти дар паёми солонаи худ ба муносибати ҷашни мавлуди Масеҳ ба хатми низои Ховари Миёна даъват кард. Вай ҳамчунин хостори ҳимояти насрониён дар ин минтақа, махсусан Ироқ шуд. Раҳбари калисои румию католикӣ мақомоти Чинро сарзаниш кард, ки барои насрониҳои ин кишвар маҳдудиятҳое ҷорӣ кардаанд. Поп дар дуояш аз Худованд муҷозоти саркӯбгарони ҷаҳон ва эътои бародарии ҳақиқии аҳли башарро таманно хоҳад кард. Ҳазорон нафар дар майдони Калисои ҷомеаи Петри муқаддас дар Ватикон барои ширкат дар ин ҳамоиш ҷамъ омаданд.
XS
SM
MD
LG