Пайвандҳои дастрасӣ

Падар духтарашро барои узвият дар Ал Қоида ба дор кашид


Полиси Ироқ мегӯяд, марди 52-сола дар вилояти Диёлаи ин кишвар духтари 19-солаи худро бо иттиҳоми узвият дар шабакаи Ал Қоида ба дор кашидааст. Воқеа дар ҳоле ба амал омадааст, ки духтари ин мард ба ҳамлае дар Диёӣла омодагӣ медидааст. Асрори ин қатл замоне ифшо шуд, ки як узви боздоштшудаи Ал Қоида дар маҳбаси Бағдод дар бораи узвияти ин духтар дар шабака ба полис иттилоъ дод. Полис, ки барои ҳабси ӯ омада букд, ӯро пайдо накард ва дертар падари духтар иқрор кард, ки ӯро куштааст. Вай ҷои гӯронда шудани духтарашро ба полис нишон дод.
XS
SM
MD
LG