Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷлил аз соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон қарор аст зери тадобири шадиди амниятӣ ҷараён гирад. Як мақоми наздик ба Кумитаи амният гуфт, эҳтимол дорад дар ин ҷашнвора аз чораҳои иловагӣ кор гирифта шавад.

Вай изҳори умедворӣ кард, ки ниҳодҳои интизомӣ тавони инро доранд, то аз ҳама гуна рӯйдодҳои номатлуб пешгирӣ кунанд.

Дар ин байн Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки тадбирҳои амниятӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар пурзур гашта, садҳо корманди он барои ҳифзи тартибу низом дар рӯзҳои ид сафарбар шудаанд.

Маҳмадуло Асадулоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ, ба Озодӣ гуфт, ки феълан тамоми нақшаҳои амниятӣ таҳрезӣ шуда ва мақомот барои дар сатҳи ором ва амн гузаронидани ҷашнҳои солинавӣ масъулияти бештаре дар дӯш доранд.

Ӯ афзуд: «Ҳамчунин барои пешгирӣ кардани вуруди маводҳои пиротехникӣ, ҳодисаҳои сӯхтор ва пешгирии ҷиноятҳо мақомот сафарбар шудаанд».

Роҳандозии тадбирҳои “қавитар ва касбитар”

Ба гуфти Маҳмадулло Асадуллоев, имсол мардуми кишвар ва мақомоти интизоми соли навро нисбати солҳои нави қабли бо рӯҳияи дигар пешвоз мегиранд. Ба ин маъно, ки ба вуқуъ омадани чандин ҳаводис , дар соли 2010 мақомоти интизоми амниятиро водор мекунад, ки тадбирҳои амниятиро қавитар ва касбитар ба роҳ монанд.

Намояндагони ниҳодҳои қудратӣ аз рӯйдодҳои хунин дар Камароб, фирори 25 маҳбус аз зиндони Кумитаи амнияти миллӣ дар моҳи август, боздошти чандин нафар бо иттиҳоми терроризм, кафш ва мусодираи аслиҳа ва дигар лавозимоти ҷангӣ ёдовар мешаванд.

Ба гуфти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар рӯзҳои таҷлили соли нав, ҳолатҳои майнушии шаҳрвандон ва бар асари таъсири нушокии спиртӣ ба ягон ҳодиса даст задани онҳо ба қайд гирифта мешавад. Аммо, содир кардани ҷиноятҳои вазнин солҳои охир кам шудааст.

Дар пойтахти Тоҷикистон Душанбе ҳам тадбирҳои шадиди амниятӣ аз имрӯз оғоз шудаанд ва то 4 январ идома меёбад. Бино ба иттилои раёсати шӯъбаи корҳои дохилӣ, барномаи солинавӣ барои сокинони пойтахт рӯзи 31-уми декабр дар майдони Исмоили Сомонӣ баргузор мегардад. Нуралӣ Пиров, муовини сардори раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, мегӯяд, ки барои таъмини амнияти ширкаткунандагони ин ҷашнвора тадбирҳои саривақтӣ андешида мешаванд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG