Пайвандҳои дастрасӣ

40 нафар аз таркише дар Баҷаури Покистон кушта шуданд


Аз таркиши худкушонаи як бомб дар шимолуғарби Покистон ба камияш 40 нафар кушта ва 50 тани дигар захмӣ шудаанд. Гуфта мешавад, ин таркишро як зани маргталаб, ки бомбро дар зери бурқааш пинҳон карда буд, анҷом додааст. Полис мегӯяд, зан аввал ду норинҷаки дастиро ба сӯи издиҳоми мардум, ки дар маҳалли тақсими кӯмакҳои хӯрокворӣ ҷамъ омада буданд, партоб карда, сипас бомберо, ки зери бурқааш дошт, мунфаҷир кардааст. Дар ин марказ Барномаи ҷаҳонии хӯрокворӣ ба осебдидагони минтақаи низои мусаллаҳона ёриҳояшро тақсим мекард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG