Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбаи ҳавоии Исроил ба чанд мавзеъ дар Навори Ғазза


Ҳавопаймоҳои исроилӣ чанд мавзеъро дар Навори Ғазза ҳадафи зарба қарор доданд, ки бар асари ин ду нафар кушта шудаанд. Адҳам Абусалмия, сухангӯи хадамоти беҳдоштии зери назари ҷунбиши Ҳамос мегӯяд, ҳарду кушташудагон аз аҳолии осоиштаи Ғазза буданд, вале шоҳидон гуфтаанд, онҳо зоҳиран афроди мусаллаҳ будаанд. Дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоӣ инчунин як нерӯгоҳ тахриб шуда, бахши аъзами минтақа аз барқ маҳрум гашт. Ҳавопаймоҳои исроилӣ ҳамчунин нақбҳои қочоқ дар марзи Мисрро бомбаборон карданд. Ҳамлаҳои ҳавоӣ пас аз партоби мушакҳо ба Исроил аз Навори Ғазза шурӯъ шудаанд.
XS
SM
MD
LG