Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустнамоиши филми бадеӣ дар бораи марзи тоҷику афғон


Дар Маскав нахустнамоиши филми "Қитъаи ороми марз" баргузор шуд, ки синемагарони рус бар пояи рӯйдодҳои соли 1993 дар марзи байни Тоҷикистону Афғонистон ба навор бардоштаанд. Таҳиякунандаи филм Сергей Маховиков намоишномаро дар заминаи достони ҳамноми Сергей Поволяев навишта, филм бо сармоягузорӣ аз буҷаи давлатии Русия дар канораи шаҳри Новороссийски ин кишвар наворбардорӣ шудааст. Дар он аз амалкарди марзбонони Русия ситоиш шуда, ҳамлаи мухолифони тоҷик ба қитъаи 12-уми марз ба номи Маскав ба ҳайси як ваҳшоният тасвир гаштааст. Дар бораи таҳрифи воқеият, коргардони филм гуфтааст, он филми мустанад набуда, як бардошти бадеӣ аз рӯйдодҳои воқеист. Коршиносони тоҷик бар инанд, ки ин ҳамла аввалин бор заъфи низомии Русияро нишон дода ва ба гуфтушуниди сулҳи Тоҷикистон роҳ кушод.
XS
SM
MD
LG