Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев аз устувории Барак Обама ситоиш кард


Раисиҷумҳури Русия, Дмтирий Медведев, аз президент Барак Обама ҳамчун "раҳбаре, ки сари сухани худ меистад", ситоиш кард. Ин баҳои Медведев дар ҳоле садо медиҳанд, ки бо талошҳои Обама созишномаи нави коҳиши таслиҳоти Амрико ва Русия дар сенати Иёлоти Муттаҳида ба тасвиб расид. Аҳдномаи нав оғози дубораи равобити байни ду рақиби пешини давраи Ҷанги Сард шумурда мешавад. Ҷумҳурихоҳони сенат мақсад доштанд, қарордодеро, ки Обама ва Медведев дар моҳи апрели соли равон ба имзо расондаанд, тасдиқ накунанд.
XS
SM
MD
LG