Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барномаи навбатии маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» ба мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо варзишгарону мураббиён, собиқадорону кормандони соҳаи варзиш, ки 20-уми декабри соли равон дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе барпо гардид, бахшида шудааст

Дар ин мулоқот, ҳамчунин, аъзои ҳукумат ва вакилони порлумони кишвар, раисони вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо ва соҳибкорон низ ширкат доштанд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ин мулоқот аз аҳамияти варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар таъмини сиҳатии аҳли ҷомеа, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва аз корҳои номатлуб дур намудани ҷавонону наврасон ёдовар шуд.

Раисиҷумҳур аз натиҷаҳои ҳунарнамоии варзишгарони тоҷик дар қувваозмоиҳои минтақавию ҷаҳонӣ таи солҳои ахир изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт: «Бояд зикр намуд, ки танҳо дар солҳои 2008-2010 зиёда аз дувуним ҳазор варзишгарони тоҷик дар 270 мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла бозиҳои олимпӣ, бозиҳои осиёӣ, чемпионатҳои ҷаҳону Осиё ва шоҳҷоизаҳо иштирок намуда, ба ифтихори дастболо шудани онҳо, Парчами давлатии Тоҷикистон даҳҳо маротиба барафрохта шудааст. Ин нишондиҳандаҳо нисбат ба солҳои 2005-2007 се баробар зиёд мебошанд. Ҳукумати Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти иқтисодиву молиявӣ аз тамоми захираву имкониятҳо истифода бурда, ба хотири ҳарчи бештар ба варзиш ҷалб намудани мардум, бахусус ҷавонон ва омода сохтани варзишгарони сатҳи байналмилалӣ мунтазам ғамхориву чораҷўӣ мекунад."

Раисиҷумҳури Тоҷикистон иброз дошт, ки тӯли чанд соли ахир аз ҳисоби буҷаи давлат барои омода кардани мутахассисони соҳаи варзиш, сохтмону азнавсозии иншооти варзишӣ дар шаҳру навоҳии кишвар қариб 300 миллион сомонӣ харҷ шудааст. Вай афзуд: «Ҳарчанд ки алҳол дар кишвар беш аз 100 варзишгоҳ, 1000 толори варзишӣ, зиёда аз 4000 майдончаи варзишӣ, 38 ҳавзи шиноварӣ ва қариб 130 мактаби варзишӣ вуҷуд дорад, вале қисми зиёди онҳо ё ба таъмир ниёзманд мебошанд ё ба таври мақсаднок истифода бурда намешаванд. Масалан, аз 1008 толори варзишии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 335 адади он ва аз 46 толори варзишии дар назди 29 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ амалкунанда, 18 толор таъмирталаб мебошад».

Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки баъзе иншоот, толору майдончаҳои варзишӣ бо таҷҳизоташон дар чандин шаҳру ноҳияҳо хусусӣ гардонида, ба ҷои онҳо манзил ва марказҳои савдо сохта шудаанд. Бинобар ин дар шароити кунунӣ, ҳатто дар ҳолати пурра фаъолият намудани иншооти мавҷудаи варзишӣ онҳо ҳамагӣ даҳ фоизи аҳолии кишварро бо варзиш фаро гирифта метавонанду халос. Раисиҷумҳур гуфт: «Клубҳо ва мактабҳои варзишӣ бошанд, талаботи кўдакону наврасон ва ҷавононро чандон қонеъ карда наметавонанд. Бо мақсади фаро гирифтани ҷавонону наврасон бо соҳаҳои гуногуни варзиш зарурате ба миён омадааст, ки ҳар як ташкилоту муассиса, ширкатҳои давлативу хусусӣ ва соҳибкорону сармоядорон аз ҳисоби маблағҳои худӣ барои ташкили шароити зарурӣ ҷиҳати инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва рушди соҳаи варзиш саҳмгузор бошанд.
Бояд гуфт, ки ҳар чӣ қадар мо ба рушди соҳаи варзиш дар кишвар шароит фароҳам оварем, ҳамон қадар насли ҷавонро аз зуҳуроти номатлуб, ба монанди нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, амалҳои қонуншиканӣ, шомил гардидан ба гурўҳҳои экстремистию ифротгаро ва ғайра наҷот мебахшем».

Масъалаи дигаре, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон таваҷҷўҳи ширкаткунандагони мулоқотро ба он ҷалб намуд, ин мушкилоти идоракунии варзиш ва фаъолияти федератсияҳои варзишӣ мебошад. Ӯ гуфт: «Ҳоло дар кишвари мо қариб 50 федератсияи варзишӣ амал мекунад, ки қисме аз онҳо ба хотири рушди соҳа аз шароиту имкониятҳои мавҷуда фаъолона истифода мебаранд. Вале дар айни замон хотирнишон бояд кард, ки на ҳамаи федератсияҳо барои оммавӣ гардонидани варзиш ва ҳарчи зиёдтар ҷалб намудани ҷавонон ба навъҳои гуногуни он ташаббус нишон медиҳанд. Имрӯз қисми зиёди федератсияҳои варзишӣ ба ташкилотҳои мухтор ва пӯшида табдил ёфта, қарорҳои қабулнамудаи онҳо ба меъёрҳои варзишӣ ва талаботи соҳа ҷавобгӯ намебошанд. Аз ин рў, зарур аст, ки Кумитаи миллии олимпӣ бо мақсади рушди соҳа ҷавонону варзишгарони ояндадорро аз тамоми минтақаҳо интихоб намуда, барои қувваозмоии онҳо дар мусобиқаҳои ватаниву байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам оварад.
Мушкилоти дигари федератсияҳои варзишӣ шаффоф набудани фаъолияти молиявии онҳост. Баъзе федератсияҳои варзишӣ барои гузаронидани як чорабинӣ ҳам аз мақомоти давлатӣ, ҳам Кумитаи миллии олимпӣ ва ҳам федератсияҳои байналмилалӣ ва дигар шахсони кӯмакрасон маблағ мегиранд. Чунин вазъият тақозо менамояд, ки сохторҳои марбута сарфу харҷи маблағҳои барои чорабиниҳои варзишӣ ҷудошударо таҳти назорат қарор диҳанд.
Имрўз қисми зиёди федератсияҳо на танҳо суроғаи муайян, балки барнома ва нақшаи доимии фаъолият, толорҳои варзишӣ ва лавозимоти зарурии ба талаботи замон ҷавобгў надоранд, инчунин роҳбарони баъзе федератсияҳо шахсони тасодуфӣ мебошанд.
Ҳоло фурсати он расидааст, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои варзишӣ дар баробари андешидани чораҳои муассир барои оммавигардонии варзиш, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ муаррифӣ намудани Тоҷикистон намудҳои афзалиятнокро муқаррар намуда, дар доираи барномаҳои соҳавӣ маблағгузории онҳоро дар сатҳи зарурӣ таъмин намоянд».

Бо мақсади мусоидати бештар ба ҳалли ҳадафманди мушкилоти соҳаи варзиш, инчунин ҷиҳати ҳамоҳангсозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таъмини фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии варзишӣ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шўрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъсис дода шавад.

Пас аз анҷоми мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо варзишгарону мураббиён, собиқадорону кормандони соҳаи варзиши кишвар, хабарнигорони радиои Озодӣ бо чанд тан аз ширкаткунандагони ин мулоқот ҳамсӯҳбат шуданд. Дар ин барнома фикру андешаҳои мутахассисону коршиносон роҷеъ ба ин мулоқот ва ҳалли мушкилоти соҳа ба шунавандагон пешкаш шудааст.

XS
SM
MD
LG