Пайвандҳои дастрасӣ

Дирӯз бар асари инфиҷори бастаи бомб дар сафоратхонаҳои Шветсария ва Чилӣ дар шаҳри Рум, пойтахти Итолиё, ду нафар маҷрӯҳ шуданд. Ин ҳамлаҳо нигарониҳо аз ҳамлаҳои эҳтимолии терористӣ дар мавсими таътил дар Аврупоро бештар кард.

Бино ба гузоришҳо, таркишҳо кори дасти гурӯҳҳои анархистӣ будааст. Бомби аввал дар дохили сафорати Шветсария соати 11-и вақти маҳаллӣ мунфаҷир шуд.

Таркишҳои пайдарпай дар пойтахти Италия

Мауризио Мезавилла, сухангӯи пулиси Итолиё дар ин маврид гуфт: ”Фарди маҷрӯҳшуда корманди сафорати Шветсия аст. Вақте, ки ӯ бастаи расида аз тариқи почтаро боз мекунад, ин баста мунфаҷир мешавад ва дастони ӯро маҷрӯҳ мекунад. Ин фардро дар яке аз бемористонҳои Рум табобат мекунанд."

Се соат баъд аз инфиҷори аввал, бастаи бомби дуввум дар дохили почтаи сафорати Чилӣ дар Рум мунфаҷир шуд, ки дар маҳалли наздик ба сафорати Шветсария воқеъ аст. Мақомоти Чилӣ мегӯянд, як корманди сафорат бар асари таркиш захмӣ шудааст.

Оскар Годой, сафири Чилӣ дар гуфт, бастаи мазкурро ба номи намояндаи фарҳангии сафорат ирсол кардаанд. Ӯ ин ҳодисаро, амали ташреҳнопазири террористӣ, бемаънӣ ва золимона хонд. Баъди инфиҷорҳо пулиси Итолиё, сафоратхонаҳои кишварҳои дигарро низ тафтиш кардааст.

Анархистҳо масъулиятро ба дӯш гирифтанд

Ҷианнӣ Алеманно, шаҳрдори Рум гуфт, мақомот саъй доранд, то тарҳи бомбгузориҳоро ошкор кунанд, ки зоҳиран дар хориҷ таҳия шудааст: “Муфаттишон баъзе унсурҳои байналмилалиро таҳқиқ мекунанд, вале ин масъаларо ман баррасӣ намекунам. Ба назари мо, ин ҳодиса марбут ба Рум нест. “

Шоми дирӯз хабаргузории АСНА-и Итолиё, гуфт, як гурӯҳ, ки онро Иттиҳодияи ғайрасмии анархистҳо хондаанд, масъулияти бомбгузориҳо дар Румро бар дӯш гирифт. Ба гуфтаи мақомоти дигари Рум, ин бомбгузориҳо шабеҳи ҳамлаҳо дар пойтахти Юнон дар моҳи гузашта аст.

Рӯзи 2-юми ноябр тундравони юнонӣ бастаи бомбҳои аз тариқи почта ба сафорати Шветсия, Николя Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса, Ангела Меркел садри аъзами Олмон ва Силвио Берлусконӣ, нахуствазири Итолиё фиристоданд. Бисёре аз онҳоро пулис пайдо ва хунсо кард, танҳо ду бастаи бомбҳо таркиданд, вале касе осеб надид. Инфиҷорҳои дирӯза дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки изтироб дар Рум зиёд аст, чун рӯзи 21 декабр пулиси Итолиё дар зери як курсии қатор дар шаҳр, абзори таркандаеро пайдо кард.

Нигаронӣ аз бомбгузориҳои Рум

Дар маҷмӯъ, бомбгузориҳо дар Итолиё нигарониҳо дар Аврупоро барангехт, ки аз аз эҳтимоли бомбгузориҳо аз тарафи тундравони исломӣ дар ин рӯзҳои ид нигарон аст. Рӯзи 11 декабр як ироқитабор дар Шветсия бо ҳамлаи интиҳорие ду нафарро маҷрӯҳ кард ва дар Бритониё, Фаронса ва Испониё бо иттиҳомоти тероризм чанд нафар боздошт шуданд.

Моҳи октябр, вазорати умури хориҷаи Амрико ба шаҳрвандони Амрико дар мавриди эҳтимоли вуқӯъи ҳамлаҳои терористӣ дар дар Аврупо дар мавсими таътил ҳушдор дода буд.
XS
SM
MD
LG