Пайвандҳои дастрасӣ

Кашф ва боздошти гурӯҳи мусаллаҳи ғоратгар дар Душанбе


Ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноиро фош ва боздошт кардаанд. Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, «ҳоло шаш тан аз аъзои ин гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша боздошт шудаанд, ки ҷавонони синну соли 25 то 30-солаанд. Маҳмадулло Асадуллоев, афзуд, ин афрод асосан ба ғорати корхонаҳое, ки чиноиҳо дар он ҷо фаъолият мекунанд, даст задаанд. Ин дар ҳолест, ки бархе аз сокинони маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе мегӯянд, дар минтақаи онҳо низ гурӯҳҳои ҷиноӣ пайдо шуда, ба ғорати воситаҳои нақлиёт даст мезананд.
XS
SM
MD
LG