Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷлил аз 70-солагии Театри опера ва балети ба номи Айнӣ


Ягона Театри академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ имрӯз аз 70-солагияш таҷлил кард. Ба ин мунсоибат дар толори театр як маҳфили ёдбуд ва консерти идона баргузор шуд. Дар ҳоле ки дар бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ театрҳои опера ва балет ба рукуд рӯбарӯянд ва ё баста шудаанд, театри Тоҷикистон ба таҷдиди намоишҳои муваффақи гузаштаи хеш рӯ овардааст.
XS
SM
MD
LG