Пайвандҳои дастрасӣ

Паём ва дидорҳои Э. Раҳмон дар ҳамоиши Истанбул


Сарони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ё ЭКО рушди тиҷорати озод ва густаришу тақвияти шабакаҳои нақлиётиро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ин эътилоф номиданд. Дар изҳороти ниҳоии ҷаласаи сарон дар Истанбул гуфта шудааст, кишварҳои узв бояд ба таъсиси минтақаҳои тиҷорати озод, лағви пардохтҳои гумрукӣ ва бартараф кардани монеаҳои фаннии густариши додуситад талош варзанд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст ба бунёди масирҳои бемонеаи транзитӣ ва таъсиси бозори ягонаи энержӣ даъват кард. Раҳмон ва раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, дар ҳошияи ин ҳамоиш эълон карданд, ки нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда 2" дар моҳи сентябри соли оянда ба кор хоҳад даромад. Тоҷикистону Эрон дар як саф бо Туркия, Покистон, Афғонистон, Озарбойҷон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодиянд.
XS
SM
MD
LG