Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА ва ИА муносибат бо Беларусро бознигарӣ мекунанд


Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо мегӯянд, онҳо муносибатҳои хеш бо Беларусро дар робита ба саркӯбии мухолифон ҳангоми тазоҳуроти пасоинтихоботӣ дар Минск бознигарӣ мекунанд. Дар як изҳороти мушатарак вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон ва Намояндаи аршади Иттиҳоди Аврупо, Кетрин Эштон, аз ҳукумати Аляксандр Лукашенко дархост шудааст, 600 мӯътаризро, ки дар тазоҳуроти 19-уми декабр боздошт шудаанд, аз ҳабс озод кунад. Полиси Беларус гуфтааст, 5 номзади пешини интихоботи президентӣ ва 14 фаъоли аҳзоби мухолифро боздошт кардааст, ки метавонанд, бо иттиҳоми "созмондиҳии беназмиҳои оммавӣ" ба 15 соли зиндон маҳкум шаванд.
XS
SM
MD
LG