Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти қочоқбари эронии аслиҳа барои Толибон


Бино бар хабарҳо, нерӯҳои Паймони Атлантики Шимолӣ дар Афғонистон як узви Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эронро бо гумони даст доштанаш дар қочоқи силоҳ барои Толибон боздошт кардаанд. Сухангӯи Нерӯҳои байнулмилалии кӯмаки амнияитии НАТО ба Афғонистон гуфт, марде, ки рӯзи 18-уми декабр дар ноҳияи Жарии вилояти Қандаҳор боздошт шудааст, "расонандаи асосии аслиҳа ба Толибон " дониста мешавад. Вай ба ҳаракати силоҳи сабук аз Эрон то Қандаҳор ба воситаи вилояти Нирмӯз раҳбарӣ мекардааст.
XS
SM
MD
LG