Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори 24 ҷангҷӯй дар Покистон


Низомиёни Покистон мегӯянд, ки дар як бархӯрди мусаллаҳона дар наздикиҳои марзи ин кишвар бо Афғонистон се сарбоз ва бисту чор силоҳбадаст кушта шудаанд. Ба гуфти низомиён шаби гузашта дар минтақаи қабилаи Моҳманд даҳҳо фарди силоҳбадаст болои 5 посгоҳи низомӣ ҳамла карданд. Дар изҳороти хадамоти амниятии Покистон гуфта мешавад, ки шумори силоҳбадастон ба 150 нафар баробар буд.Ҳамин манбаъ мегӯяд, ки дар задухӯрдҳо камаш 12 низомӣ ҷароҳат бардоштаанд. То кунун манобеи мустақил дар бораи ин ҳаводис чизе нанавиштаанд.

XS
SM
MD
LG