Пайвандҳои дастрасӣ

Дар тӯли соли 2010-уми мелодӣ, бахши “Симои ҳафта” як силсила шахсиятҳоеро, ки дар марҳилаҳои мухталифи сол хабарсоз буданд ба баррасӣ гирифт.

Дар ин муддат як нигористони бузурге иборат аз чеҳраҳои муҳими ҷаҳон ва Тоҷикистонро ҳам гирд овард. Вале дар поёни сол мо хостем, дигарбора ба бархе аз ин масоил руҷӯъ кунем ва бубинем, ки бо қаҳрамонони “Симои ҳафта” дар ин сол чӣ гузашт ва рӯйдодҳое, ки мо ба он пардохтем, то куҷо кашид?

РОҒУНШОҲУ САҲМИЯБОНУ КУҶО ШУДАНД?

Роғуншоҳ ва Саҳмиябону, ду тифле, ки 6-уми январи соли 2010-ум, дар нахустин рӯзи фурӯши саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғун яке дар Суғду дуввумӣ дар Ёвон дида ба дунё кушод, то чанд рӯзи дигар яксола хоҳанд шуд. Аммо ба фарқ аз онҳо, худи маъракаи саҳмияфурӯшӣ, ки бо як дағдағаи баланде оғоз ёфту дар они воҳид пардаи тамоми телевизионҳои Тоҷикистонро пур кард, баъди ҳамагӣ се моҳ ва ҷамъ овардани ҳудуди 186 миллион доллар ба якбор фурӯ нишаст ва бино ба ахбори расмӣ, тайи се моҳи ахири сол аслан ягон саҳмияи Роғун ба фурӯш нарафтааст.

Ба назари маҳофил, пуриддаотарин тарҳи давлати Тоҷикистон дар соли 2010-ум ҳамин ҷамъоварии пули сохтмони Роғун буд, ки чун аксар тарҳҳои дигари Душанбе ин ҳам дар нимаи роҳ монд. Таҳлилгари тоҷик Саъдии Юсуфӣ мегӯяд, аз як сӯ, зарфиятҳои молии мардум ва ширкатҳои Тоҷикистон ҳамон қадаре буд, ки бо зери 900 миллион сомонӣ хулоса шуд, вале аз сӯи дигар, шеваи зоҳиран ихтиёрӣ, вале амалан бештар иҷбории фурӯши саҳмияҳо ҳам буд, ки дар ниҳоят боиси нокомии зуди ин маъракаи пурдағдаға шуд:

“Наҳви фурӯши саҳмияҳо шояд равиши чандон дурусте надошт ва агар ба ҳамон шакл идома меёфт, метавонист танишҳоро зиёдтар кунад байни Тоҷикистону ҳамсояҳо ва боиси душвортар шудани муносибот шавад.”

Қарори қатъи фурӯши иҷбории саҳмияҳои Роғун дар асл бо тақозои кӯмакрасонҳои Тоҷикистон гирифта шуд, ки мегуфтанд, аз ҷайби мардум ва аз гардиш берун кашидани чунин маблағи бузург дар кишвари фақире, чун Тоҷикистон, монеъи комёбии ҳама барномаҳои мубориза бо фақр хоҳад шуд. Ва барои мисол, варшикастагии ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр” дар поёни солро ҳам бисёриҳо дар баробари масоиле, чун бӯҳрони моливу кӯтоҳиҳо дар идораи умур, ба саҳми беш аз ҳадде, ки дар маъракаи фурӯши саҳмияҳои Роғун ба гардани “Мовароуннаҳр” зада буданд, низ бастагӣ медиҳанд.

СОЛИ БОЗДОШТИ ВАГОНҲО

Танишҳои мудаввоми Душанбе бо Маскав ва бо Тошканд, аз ҷумла қазияи боздошти вагонҳои Тоҷикистон дар Узбакистонро ҳам, ки аз моҳи феврал идома дорад, дар маҳофил аз пайомадҳои ғайримустақими ба сари худ ва бидуни машварат бо Русияву Узбакистон ба идомаи эҳдоси нирӯгоҳи Роғун қасд кардани Душанбе медонанд.

Қазияи боздошти вагонҳо дар тӯли сол, масъулони ширкати то ҳол ба рӯи матбуот бастаи роҳи оҳани Тоҷикистонро ба як манбаъи умдаи хабарсоз табдил дода, хабарҳои расида аз ин ширкат ҳатто ба гузоришҳо аз ҷабҳаи ҷанг мемонд, ки шумораи вагонҳои боздоштшуда аз 1000 гузашт, ба 2000 расид...

Душанбе ин қазияро ҳатто ба минбари созмонҳои мӯътабаре, чун СММ ва САҲА кашонд ва бархӯрди Тошкандро талоши муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон унвон кард. Даъвое, ки Тошканд қабул надошт ва мегуфт, агар мо қасди муҳосираро дорем, пас чаро роҳи оҳани ба сӯи Душанберо набастем, ки шулуғтар аст, балкӣ роҳи оҳани ба сӯи Қӯрғонтеппаро, ки дар он ҳатто дар рӯзҳои беҷанҷол қаторҳо ягон-ягон ҳаракат мекарданд. Далели дигари Тошканд ин буд, ки агар роҳи вагонҳо баста бошад, пас тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо кадом роҳе дар 10 моҳи соли 2010 6,5 дарсад афзуда, аллакай наздики севуним миллиард доллар шудааст?

Аммо акнун дар поёни сол, моҷарои боздошти вагонҳои роҳии Тоҷикистон дар Узбакистон ба куҷо расидааст? Атохӯҷа Мирҷалолов, сухангӯи вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд:

“Мо чунин як далели мушаххасе надорем бигӯем, ки вагонҳо омаданд, ва далели мушаххасе ҳам надорем, то бигӯем, вагонҳо дар онҷо зиёд ҳастанд. Яъне як сирре ҳанӯз ҳаст. 2000 вагон дар аввали сол буд, вале алъон дар ҳудуди 500-600 вагон дар ҳудуди Узбакистон ҳаст, вале намедонам, ки ин вагонҳое ҳастанд, ки шояд дар як ҳафта ба Тоҷикистон бирасанд ва ё вагонҳое, ки ба сабаби боре, ки доранд, боздошт шудаанд, яъне ҳаракаташон ба таъхир афтодааст.”

БО ТОШКАНД ЧӢ КУНЕМ?

Дар пасманзари танишҳои бархоста бо Маскав ва Тошканд, бархе таҳлилгарон мегуфтанд, ки ин сардии уфтода дар муносибот бо Русияву Узбакистон омили бештар субъективӣ дорад ва аксаран аз муносиботи бадшудаи раҳбаронаш маншаъ мегирад. Аммо ба бовари таҳлилгари тоҷик Парвиз Муллоҷонов, дар ин танишҳо, ба хусус бо Узбакистон, нақши омилҳои объективӣ бештар мушоҳида мешавад, то шахси раҳбаронаш:

”Муносибате ки мо дорем, табиати объективӣ дорад. Ва сарфи назар аз онкӣ раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст ё каси дигар, ё дар Узбакистон Ислом Каримов ҳаст ё не, ин муносибот мураккаб боқӣ хоҳад монд. Дар Тошканд бисёриҳо то ҳол фикр мекунанд, ки аз Узбакистон ҷудо шудани Тоҷикистон дар солҳои бистуми асри гузашта кори русҳо буд ва онро мешавад ислоҳ кард. Аз сӯи дигар, Узбакистон мехоҳад дар Осиёи Марказӣ нақши асосиро ба худ бигирад, ки Тоҷикистон инро қабул надорад.”

Дар ҳар сурат, интихоби шеваи дипломатияи боситеза дар танишҳо бо Маскав ва бавижа бо Тошкандро бисёриҳо ба суди Душанбе намедонанд ва мегӯянд, ба баҳс ва ҳалли мавзӯъ аз роҳи гуфтугӯ ирода кардани ҷонибҳо бештар ба суди Душанбест, ки аҳрому васоили кофӣ барои сарбасар шудан ба қудратҳои бузургтаре, чун Маскаву Тошкандро надорад. Муҳиддини Кабирӣ, раиси ҲНИТ мегӯяд:

“Кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳкум ба онанд, ки бо ҳамдигар муносибати хуб дошта бошанд. Ва ҳамин тавр бо Русия. Русия, албатта, муносиботаш бо Тошканд ё Душанберо аз нигоҳи манофеъи геополитикиаш ба роҳ мемонад ва мо набояд беш аз ҳадд хушбин бошем. Гоҳо мебинем, нороҳатиҳое пайдо мешаванд, вақте ки Маскав ба пойтахтҳои дигар таваҷҷӯҳи бештар нишон медиҳад. Мо бояд эътироф кунем, ки баъзе кишварҳо метавонад дар ин ё он марҳала барои Маскав аҳамияти бештар пайдо кунад ва сиёсатҳои хориҷии худро вобаста ба ин бояд ба роҳ андохт.”

АММО КАМАРОБ…

Бо ин ҳол, таҳлилгарон соли 2010-умро аз нигоҳи амниятӣ барои Тоҷикистон аз пурчолиштарин солҳо дар таърихи навинаш арзёбӣ кардаву чолишҳои имсол омада бар сари кишварро ҳамсанги вазъияти солҳои 1996 ва 1997 медонанд, ки низоми ҳоким дар Душанберо аз шарқ нирӯҳои мухолифин ва аз ҷанубу ғарб нирӯҳои ошӯбгари сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев танг карда буданд. Таҳлилгар Саъдии Юсуфӣ мегӯяд, ин чолишҳо дар Исфараву Балҷувон ба сурате пароканда, вале дар низоъи Камаробу ҳамлаи интиҳорӣ ба қароргоҳи ОМОН дар Хуҷанд ва фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи кумитаи амнияти миллӣ ба сурати хеле барҷаста зуҳур кард:

“Рӯйдоди комилан дохилӣ будани ин ҳодисот баъид ба назар мерасад ва фикр мекунам, дасти хориҷӣ дар он ҳузур дошт ва ин ҳаводис бо бозиҳои геополитикие, ки дар минтақа мегузаранд, бастагӣ дорад.”

Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, ба ваҳҷи умум, давлат тавонист аз ин вазъи мушкил бо талафоти камтарин берун биояд ва бо вуҷуди мушкилоти ҳамчунон фаровоне, ки дар дохил дорад, нишон диҳад, ки суботаш дигар он қадар вобастаи дахолати хориҷиҳо нест, ки барои мисол, дар солҳои 90 буд:

“Дар он солҳо ҳукумат мустаҳкам набуд ва поя надошт. Ҳоло вазъ дигар аст. Ҳукумати феълӣ аз нигоҳи тавони ҳифзи қудрат мустаҳкам шудааст. Лекин мушкилоти фаровони иқтисодиву иҷтимоӣ низ ҳаст ва агар ҷиҳати боло бурдани сатҳи зиндагии мардум иқдом нашавад, буҳронҳое чунин, метавонанд боз такрор шаванд.”

Парвиз Муллоҷонов меафзояд, рӯйдодҳои ахири Рашт нотамом боқӣ мондани раванди сулҳ, бахусус дар мавриди афви ҷангиёни собиқи мухолифин ва таъмини мақоми шоистаи онҳо дар ҷомиаро бармало кард.

Коршинос Шокирҷони Ҳаким мегӯяд, ин ҳаводис як зумра аз фармондеҳони собиқи мухолифин, назири Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ, Абдуллоҳ Раҳимов, ки бештар бо номи Мулло Абдуллоҳ маъруф аст, ва Мирзохӯҷа Аҳмадовро, ки бо шароит ва мақоми кунунии худ дар ҷомиа зиёд розӣ нестанд, дигарбора ба майдон овард ва ин буҳрон феълан ҳам фақат шартан ҳалл шуда, “шабаҳи Мулло Абдуллоҳ”, ки соле пеш дар Тавилдара ва имсол дар Камароб зуҳур карду дигарбора нопадид шуд, метавонад дар оянда дар ягон макони дигар ва ба сурате дигар аз нав буруз кунад.

Муҳиддин Кабирӣ
СОЯИ ТАҲДИД БОЛОИ НАҲЗАТ

Аз сӯи дигар, рӯйдодҳои Рашт, ба хусус боздошти Ҳусниддин Давлатов, бародари Алии Бедакӣ ва вакили ҲНИ дар маҷлиси ин ноҳия, имтиҳони сахте барои ин танҳо ҳизби расмии исломӣ дар саросари Осиёи Марказӣ ҳам буд, ки ба эътиқоди таҳлилгарон, дар сурати иртиҷоитар шудани низом дар пайи ин ҳаводис, метавонист бо баста шудани ин ҳизб тамом шавад.

Раиси ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддини Кабирӣ ҳам ба чолишҳои ҷиддие рӯбарӯ шудани наҳзатиҳоро дар пасманзари нооромиҳои Рашт эътироф мекунад, вале мегӯяд: “Дар ин ҳаводиси ахир бархе талош мекарданд, изи пои ҳизби моро биҷӯянд ва дар воқеъ ҳизбро дар як ҳолати тангно қарор доданӣ шуданд, вале бо лутфи Худованд ва фаҳмидани қазия аз сӯи нухбагони сиёсии кишвар, ки сиёҳро аз сафед ҷудо карда метавонанд, умед ҳаст, ки мо ин марҳалаи душворро паси сар кардем. Вале хатари баста шудани ҳизб болои мо набуд, ҳарчанд дар соли 2010 мо аз вазорати адлия барои адои намоз дар қароргоҳи ҳизб огоҳиномае ҳам гирифтем.”

ИНТИХОБОТЕ БО ҲАМОН УСУЛИ ҚАДИМ

Ва аммо акнун аз умедҳои аздастрафтаи сол, ки як умдааш замин шудани ваъдаи Душанбе ба баргузории як интихоботи озод ва ҷавобгӯи меъёрҳои демократӣ дар моҳи феврал буд. Дар ниҳоят, интихоботи парлумонӣ аз чунин маъракаҳои қаблӣ дар Тоҷикистон фарқе бузург надошт ва бо вуҷуди ба парлумон роҳ ёфтани намояндагони 5 ҳизб, амалан дар ин маҷлис аз мухолифин ҳамчунон танҳо 2 вакили ҲНИ намояндагӣ мекунанд.

Ҳизби наҳзат, ки бо як маъракаи бесобиқа ва густардаи таблиғотӣ ба интихобот рафта буд, даъво дошт, ки дастикам 30 дарсад раъй ба даст овардааст, ки тӯъмаи тақаллуб шуд ва ин ҳизб амалан ба як ҷониби мазлум дар интихобот табдил ёфтааст. Муҳиддини Кабирӣ, раиси ҲНИ он замон ваъда супурд, ки ҳизбаш бо тамоми роҳҳои қонунӣ ҳаққи худро талаб хоҳад кард. Вале дар ниҳоят иқдоми ҷиддие ба ин манзур аз сӯи онҳо сурат нагирифт. Оқои Кабирӣ дар посух ба ин суол, ки он ваъда чи шуд, гуфт: “Мо тасмим гирифтем, ки ҳарчӣ дар интихобот буд, гузашт, мо ҳарфи худро гуфтем ва бояд акнун аз ин марҳалаи ногувори пасоинтихоботӣ ҳарчӣ зудтар берун шуд. Аммо бархе ин иқдоми моро аломати заъф шумурданд ва фишорро болои ҳизб бештар карданд ва ҳатто як узви моро бо ҷароими бофта зиндон ҳам карданд. Вале мо аз ин тасмими худ пушаймон нестем ва онро дуруст мешуморем.”

УМЕДИ ДИГАРЕ, КИ НИЗ ЗАМИН ШУД

Умеди дигари сол аз Шукурҷон Зуҳуров, раиси ҷадиди Маҷлиси намояндагон буд, ки шояд битавонад нақши парлумонро болотар барад. Аммо ҳанӯз ҳамон манзараи қадими тақсими қудрат дар Тоҷикистон, ки дар он Маҷлиси намояндагон нақши ночизи намоишие дорад, ба қувваи худ боқист. Шокирҷони Ҳаким мегӯяд, нокомии Зуҳуров дар таъмини мустақилияти парлумон низ аз натоиҷи интихоботи парлумонӣ бармеояд, ки бо тақаллуби фаровон гузашт. Ба бовари оқои Ҳаким, дар чунин шароит наметавон бо тағйири як ё чанд муҳра дар тахтаи кадрии ҳукумат умедвори дигаргуниҳои бузург шуд.

Саъдии Юсуфӣ аммо мегӯяд, фазои ҳоким дар арши сиёсии Тоҷикистон чунон аст, ки барои як нафари алоҳида маҷоли ибтикори зиёд намедиҳад, балкӣ чеҳраҳои нав худ ба зудӣ ба як ҷузъи манзараи қадими ин арш табдил меёбанд.

ҲАҚҚИ ОППОЗИСИЮН БА ҶОЙИ КОР

Ҳамин тавр, дар тахтаи кадрии ҳукумат солҳост ҳамон як муҳраҳо гашт мекунанд, аммо оё онҳое, ки назари мухолиф доранд, куҷо раванд дар куҷо кор кунанд? Бо тақозои вазорати маориф баста шудани донишгоҳи фанновариҳову навовариҳои муосир, ки бо номи Донишгоҳи “Садр” маъруфтар аст, ба бовари Шокирҷони Ҳаким, аз устодони ин донишгоҳ, нишон дод, ки пайдо кардани ҷойи кор дар Тоҷикистон барои афроди дигарандеш ҳатто дар муасссисаҳои хусусие, чун донишгоҳи “Садр” ҳам ба амре муҳол табдил мешавад, чӣ расад ба ниҳодҳои расмии давлатӣ. Ӯ мегӯяд, далели аслии фишор ба Донишгоҳи “Садр” ҳам ба сафи устодонаш роҳ ёфтани чеҳраҳои дигарандеше, чун ӯву Раҳматуллоҳи Зоир будааст, то далоили расмие, ки вазорати маориф меорад:

ФАРЗОНАҲОЕ, КИ АЗ МО РАФТАНД

Дар ҳамин соли 2010-ум буд, ки фарҳанги тоҷик фарзонагоне, чун “Лучано Паварротии тоҷик” -Зафари Нозим ва нигини ҳунараш –Нигинаи Рауфро аз даст дод. Зоеъаи дигар даргузашти “Муини тоҷик” –Сӯҳроби Сафарзод дар айни парвоз, дар синни ҳамагӣ 30-солагӣ буд, ки маргаш, тавре ҳам рӯҳонии маъруф Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода дар маросими дафни Сӯҳроби ҷавонмарг мегуфт, дам аз даҳшати балое бо номи “маводи мухаддир” мезанад.

БОЗОР БА АМРИКО БАРМЕГАРДАД

Бозгашти Бозори Собир, шоири шӯрида ва саргардони тоҷик, аз мусофираташ дар Амрико – ҳам аз меваҳои ҳамин соли 2010-уми мелодист. Ҳарчанд ӯ мегуфт, ки фақат барои як ило ду моҳ омада, ба муҷарради баргузории як шаби шеър ва нашри дафтари нави шеърҳояш бо номи “Хуни қалам” ба Амрико бар хоҳад гашт, инак 5 моҳ боз дар ватан мондани шоир умедҳоеро дар дили мухлисонаш зинда кард, ки шояд Бозори Собир барои доим дар Тоҷикистон бимонад.

Бозори Собир мегӯяд, тайи ин 5 моҳ касе аз мақомоти расмӣ суроғаш накарда, баргузории шаби эҷодиаш ҳам муяссар нашудааст. Бозори Собир, ки 15 соли охир аз 72 соли умрашро дар Амрико гузарондааст, мегӯяд, танҳо маҳсули ин боздидаш аз Тоҷикистон нашри китоби наваш бо номи “Хуни қалам” ва акнун рахти сафар баставу қасди бозгашт ба Сиэтлро дорад. Бозори Собир мегӯяд, муҳити Душанбе дигар муҳите барои шоиру барои шоирӣ нест ва тайи ин 5 моҳе ки дар ватан буд, натавонистааст, ҳатто як мисраъ шеъри нав бигӯяд.

ВА ИМЛО…

Аз баҳсҳои дигари тунди соли 2010 баҳси тарҳи нави имлои забони тоҷикӣ ҳам буд, ки аз чӣ бошад, бештар маҳдуди ҷойгоҳи “э”-ву “ӯ”-и дароз ё “вови маҷҳул” дар забон шудааст. Додихудои Саймуддин, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот мегӯяд, муҳокимаи тарҳи имло ҳамоно идома дорад, вале ӯ мутмаин аст, ки қоидаҳои нави имло аз сӯи ҳукумат алакай дар соли ояндаи 2011-ум тасвиб хоҳад шуд. Оқои Саймуддин мегӯяд, онҳо мехоҳанд бар пояҳои илмиву таърихӣ имлоеро рӯи кор биоранд, ки баъди чанд соли дигар зарурати бозгашти дигарбора барои бозбинии он дигар пеш наояд.

Вале ҳамин беҳтар, ки ҳар баҳсу моҷарое, ки дар соли 2011 дар Тоҷикистон бархезад, бар сари масоиле, чун ҷойгоҳи “э”-ву “ӯ”-и дароз дар забони тоҷикӣ маҳдуд шавад, то дар ҷабҳаҳое, чун кӯҳистони Камароб, ки дар соли 2010 хотироти шуми солҳои ҷанги шаҳрвандиро дар ёдҳо бори дигар зинда кард. Баҳси имло ва ҷойгоҳи “э”-ву “ӯ” бо вуҷуди тамоми ҷиддият ва тундиаш, дар ҳар сурат, баҳсе бехуну фақат забонист.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG