Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкатҳои амрикоӣ аз тиҷорат бо Эрон баҳра бурдаанд?


Ба гузориши рӯзномаи Ню Йорк Таймс, вазорати хазонадории Амрико тайи як даҳаи гузашта 10 ҳазор маротиба бо истисноҳо ба ширкатҳои амрикоӣ, имкон додааст, то онҳо бо гурез аз таҳримоти Амрико алайҳи Эрон ва дигар кишварҳое, ки Амрико ҳомиёни тероризм мехонад, тиҷорат кунанд. Ню Йорк Таймс, ширкатҳои Пепсӣ ва Крафт Фуд ва баъзе аз бонкҳои бузурги Амрикоро ном бурдааст, ки аз ин тиҷоратҳо баҳра бурдаанд. Аксари иҷозаномаҳо таҳти қонуни тиҷорат бо ҳадафи кӯмакҳои башардӯстона дода шудааст, агарчӣ ба он маҳсулот, сигор ва сақич ҳам шомил будааст.
XS
SM
MD
LG