Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтӯгуи Обама ва Медведев доир ба паймони СТАРТ


Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия ва ҳамтои амрикоии ӯ Барак Обама, дар як сӯҳбати телефонӣ, масъалаи тасвиби паймони нави коҳиши силоҳҳои стротежик дар сенати Амрикоро баррасӣ кардаанд, ки аз ҳарду кишвар мехоҳад, теъдоди силоҳҳои атомии худро коҳиш диҳанд. Ба гуфтаи Кохи Сафед, паймони мазкур дар таҳкими равобит миёни ду кишвар кӯмак мекунад. Дмитрий Медведев гуфтааст, ки умедвор аст, ҳарду палатаи порлумони Русия низ паймони мазкурро тасвиб хоҳанд кард. Интизор меравад, имрӯз палатаи поёнии порлумони Русия санади мазкурро баррасӣ кунад. Аммо баъзе аз вакилони рус гуфтаанд, қабл аз тасвиби паймони нави коҳиши силоҳҳои атомӣ, бояд биёмӯзанд, ки сенати Амрико бо чӣ шарту шароит тасвиб кардааст.
XS
SM
MD
LG