Пайвандҳои дастрасӣ

Давлати Покистон, Тоҷикистонро ситоиш кард


Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон, ба хотири таъмини амният дар Афғонистон, хостори талошҳои муштарак барои дастрасии васеъ ба бозорҳои ҷаҳонӣ шудааст. Зимни суханронӣ дар нишасти сарони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ дар Истанбул гуфтааст, Покистон метавонад, як гузаргоҳи муҳим барои дастрасии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба обҳои гарм бошад, ки аз он Афғонистон ҳам баҳра хоҳад бурд. Осиф Алӣ Зардорӣ аз талошҳои Тоҷикистон барои истиқрори сулҳ дар Афғонистон ситоиш карда ва гуфтааст, бо мусоидати Афғонистон тиҷорат метавонад, миёни Тоҷикистону Покистон ривоҷ ёбад.
XS
SM
MD
LG