Пайвандҳои дастрасӣ

Шикоят аз вазъи сарбозони воҳидҳои низомии Русия


Созмони ғайриҳукуматии «Модарони сарбозони Петербург» дар Русия мегӯяд, дар воҳидҳои низомии вилояти Ленинград, сарбозони навомада ба таври оммавӣ бемор шудаанд, вале касе ба додашон намерасад. Элла Полякова, раиси ин созмон ба бахши русии Радиои Озодӣ гуфт, дар яке аз воҳидҳои низомии ноҳияи Виборг 80 дар сади сарбозон аз сардӣ гирифтори бемориҳои роҳи нафас шудаанд, вале касе онҳоро табобат намекунад ва онҳо бо вуҷуди таби баланд мегарданд. Ба гуфтаи волидонашон бисёре аз ин сарбозон то кунун либоси зимистона нагирифтаанд ва либосҳои тобистона мегарданд. Созмони «Модарони сарбозони Петербург» ба мақомоти масъул дар робита ба беэътиноӣ ба сарбозон ва нақзи ҳуқуқи онҳо ба мақомоти масъул нома фиристодаанд.
XS
SM
MD
LG