Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости зиёиёни эронӣ барои раҳоии як хабарнигор


Бештар аз 150 адибону хабарнигорон ва тарҷумонҳои эронӣ бо ирсоли номае ба раҳбари Қувваи қазоия ва ё вазорати адлия, хостори раҳоии фаврии сардабири як рӯзномаи ислоҳталаб шудаанд. Аҳмад Ғуломиро ҳамроҳ бо чаҳор корманди рӯзномаи «Шарқ» рӯзи ҳафтуми декабр зимни тафтиши дафтари ин рӯзнома боздошт карданд. Матбуоти расмии Эрон мегӯяд, сабаби тафтиши ногаҳонии дафтари «Шарқ», нашри махсуси рӯзнома дар рӯзи донишҷӯ дар Эрон будааст. Додситони Теҳрон гуфт, ҳар чаҳор нафари онҳо ба иттиҳомоти таҳдид ба амнияти миллӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Боздошти Аҳмад Ғуломӣ, ки як хабарнигори мӯътадил дониста шуда ва аз фаъолиятҳои сиёсӣ парҳез мекард, боиси норизоиятии ҷомеаи фарҳангии Эрон шудааст.
XS
SM
MD
LG