Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки осиёии рушд эълом кардааст, ки соли оянда низ ба Тоҷикистон қарз намедиҳад, аммо кӯмакҳои билоивазашро идома хоҳад дод.Ҷоҷи Такеши, раҳбари доимии намояндагии бонк дар кишвар, сабаби ин тасмимро бесуботии идораи қарзҳои Тоҷикистон унвон кард.

Ба қавли ӯ, даромади буҷаи Тоҷикистон фақат ба содироти алюминиуми аввалия ва пахта вобаста аст ва ин кишвар бояд тариқи гуногунсозӣ ё диверсификатсия заминаи иқтисодиашро таҳким бахшад.

Дар гузашта созмонҳои дигари байналмилалии молӣ низ ба Тоҷикистон машварат дода буданд, ки дар гирифтани қарз аз эҳтиёт кор гирад.

Афзоиши қарзи хориҷӣ

Тибқи иттилои вазорати молияи Тоҷикистон, тайи нӯҳ моҳи ахир қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 5, 8 дарсад боло рафта, ба 1,8 миллиард доллар расид ва ҳаҷми маҷмӯъи маҳсулоти дохилии кишвар ба 4,3 миллиардро ташкил медиҳад. Ба ҳамин минвол, таносуби қарзи хориҷӣ бо маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 40 дарсад шуд.

Моҳинав Қиматшоева, муовини раиси департаменти қарзи давлатӣ ва захоири молии вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, Бонки осиёии рушд ва Бонки ҷаҳонӣ чанд сол аст, ки қарз намедиҳанд. Аммо вай афзуд, Тоҷикистон ҳамеша пеши пардохти қарзҳояш масъулият ҳис мекунад: «Қарз қарз аст ва бояд онро баргардонем. Қарз ҷарима дорад ва дар пай паёмадҳои нохуб ҳам хоҳад дошт».

Хонум Қиматшоева афзуд, имсол аз 43 миллион доллари қарзи Ӯзбакистон 8 миллион тариқи буҷа пардохт шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар кишвар стратегияи идораи қарзи хориҷӣ то соли 2012 қабул шудааст, ки ҳадафаш нагузоштани болоравӣ аз ҳадди 40 дарсад дар таносуб бо маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аст. Аммо мақомот 45 дарсадро барои кишвар тоқатпазир унвон карданд.

Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумони Тоҷикистон
"Хатти сурхи"-и қарзҳои Тоҷикистон


Дар ҳамин ҳол, коршиносон вазъи ҳозираро нигаронкунада, паёмадҳояш, бахусус, ба иқтисоду молияи кишварро нохуб арзёбӣ мекунанд.

Муҳиддин Кабирӣ, узви Маҷлиси намояндагон ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ҳадди мӯътадили қарзи хориҷӣ метавонад аз 25 то 30 дарсад бошад ва аз 30 то 35 ҳам ин «хати қирмиз ё сурх»-ро нагузаштан аст.

Ӯ афзуд: "Аммо вақте қарз аз 35 боло рафт, ин маънои онро дорад, ки кишвар дигар бо захираҳои дохилии худ наметавонад иқтисодашро таъмин кунад. Дар маҷмӯъ мо қариб аст, ки ба «хати қирмиз» расем».

Оқои Кабирӣ афзуд, бахшида шудани қарзи Тоҷикистон аз сӯи кишварҳои сармоягузор имкони баъид аст, зеро ин кишвар қарзҳояшро дар замони босуботиаш гирифтааст.

Системи ношаффофи қарзгирӣ

Аммо он чӣ мақомоти Тоҷикистонро умедвор мекунад, ин аст, ки 80 дарсади қарзҳои кишвар барои тарҳҳои зерсохторӣ, бахусус нақлиёт ва энержӣ сарф шуда, бақия соҳоти иҷтимоиро дарбар гирифтаанд. Ба қавли мақомот, қарзҳои хориҷӣ аксаран дарозмуддатанд ва фоизҳои хеле кам, аз 1 то 2 дарсадӣ доранд.

Коршиносон мегӯянд, ҳукумат умедвор аст, ки қарзҳои дар тарҳҳои нақлиётӣ ва энержӣ истифодашаванда худро мепӯшонанд, аммо мушкил дар менеҷмент ё идораи истифода ва пардохти қарзҳо вуҷуд дорад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коршинос дар умури иқтисод мегӯяд, дар ҳолати эҳтиёҷ қарз гирифтан аз ягон кишвари хориҷӣ ва созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ таҷрибаи саросарист. Вай афзуд, мушкили Тоҷикистон ин будааст, ки ин равандҳо, аз ҷумла истифода ва пардохти қарзҳо шаффоф намегузаранд ва ба назар мерасад, ҳатто вуҷуд надоранд.

Ӯ афзуд: “Ҳамчун мутахассис боварӣ надорам, ки ин қарзҳоро дар вақташ пардохт карда метавонем. Мо таҷрибаи ба музокирот даъват кардани кишвареро дорем, ки аз он қарздорем ва хоҳиш кардани реструктуризатсияро, яъне ба мӯҳлатҳои дароз тамдид кардани пардохтро. Ана ин мушкил аст".

Зафар Абдуллоев, коршинос дар умури иқтисод700 миллион қарз аз Чин

Коршиносон бар хатари афзоиши қарзи Тоҷикистон пеши Чин махсус таъкид мекунанд, ки ба беш аз 700 миллион доллар расидааст.

Зафар Абдуллоев, коршинос дар умури иқтисод мегӯяд, пушти ҳама гуна қарзи бузург ҳадафҳои сиёсӣ пинҳонанд ва агарчи Тоҷикистон «хати қирмиз»-ро нагузаштааст, аммо ин раванди хатарнок идома дорад. Вай афзуд, қарзҳои Чин ҳам аз манофеъаш баромадаанд, ки аз Тоҷикистон мехоҳад ташаббусҳои Пекинро ҷонибдорӣ кунад:

«Қарзҳо боз зиёд мешаванд, зеро қарзҳои қаблиро ба мо мебахшиданд. Онҳо мероси Шӯравӣ ё аз даврони бесуботӣ буданд. Аммо қарзҳои имрӯз дар шароити босуботӣ гирифта шудаанд ва онҳоро бояд пардохт. Инро бо конҳои захираҳои табиӣ, сиёсат ва ҳар чизи дигар. Аммо бо ҳар роҳе, ки мепардозем, агар бо роҳҳои иқтисодӣ ва мустақим бо пул набошанд, хилофи манофеъи мардуми Тоҷикистон хоҳанд буд».

Коршиносон мегӯянд, як роҳи умдаи ҷилавгирӣ аз афзоиши қарзи хориҷӣ ҷалби сармояи хориҷӣ, бахусус соҳибкории хусусӣ ба Тоҷикистон аст, ки бо шароит ва суди баробар барои тарафҳо тамом мешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG