Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имсол корбарону хонандагон дар ду сомонаи маъруфи иҷтимоии Интернет –“Facebook” ва “Twitter” оё бештар кадом номҳову кадом мавзӯъҳоро меҷустанд?

Бино бар бароварди масъулонаш, имсол дар торнамои “Twitter” корбарон бештар ба мавзӯъи хуруҷи нафт ба халиҷи Мексика аз як чоҳи сӯрохшудаи ширкати ВР таваҷҷӯҳ нишон додаанд.

Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Африқои ҷанубӣ, ки қарори маълум, бо пирӯзии тими миллии Испания поён ёфт, ва филми низ имсол ба намоишдаромадаи Кристофер Нолан бо номи “Inception”, ё “Нуқтаи атф”, аз лиҳози мизони таваҷҷӯҳ дар ин раддабандӣ дар мақомҳои дуввуми севвум будаанд.

Он ҳам дар ҳоле ки ба фарқ аз филми 5 сол пеши Нолан дар бораи Бэтмен “Нуқтаи атф” бо вуҷуди будҷаи бузургаш бештар фалсафист ва бар пояи ҳикоёти мавҳуми Хорхе Луис Борхес сохта шудааст.

Маргбортарин заминларзаи аср


Заминларзаи Ҳаитӣ ва найи вувузела, ки низ дар рӯзҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Африқои ҷанубӣ шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард, низ хонандагони “Twitter”-ро низ хеле таккон додааст.

Мақомҳои баъдиро дар феҳрасти мавзӯъҳои мояи таваҷҷӯҳи корбарони “Twitter” масоили фанноварӣ - планшети iPad, фаровардаи ширкати Apple ва Google Android, барномаи компутарие, ки ширкати Google махсус барои телефонҳои мобайл сохтааст, ба худ ихтисос додаанд.

Аммо акнун гузарем ба“Facebook”, яке дигар аз сомонаҳои пурхонандаи иҷтимоӣ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет, ки шумори корбаронаш имсол аз марзи ним миллиард нафар гузашт ва асосгузораш Марк Сукербергро маҷаллаи амрикоии “Time” ҳатто “Чеҳраи соли 2010” интихоб кард.

Дар ин торнамо имсол бештар аз ҳама ибораи кӯтоҳи HMU истифода шудааст. Ин ибора кӯтоҳшудаи “hit me up” буда, ба маънои “бо ман дар тамос шав” истифода мешавад ва амалан табиати “Facebook”-ро боз мекунад, ки пеш аз ҳама, албатта, торнамое барои тамосҳост.


Шӯҳрати iPad va iPhone


Ҷоми ҷаҳонии футбол, филмҳо, Ҳаитӣ бо заминларзаи пурқурбониаш, ангиштканҳои баъди се моҳи банд наҷотёфтаи Чилӣ ва ҳамин тавр, iPad ва iPhone, ду фаровардаи ширкати Apple низ таваҷҷӯҳи хонандагони “Facebook”-ро зиёд ҷалб кардааст. Корбарони “Facebook” дар ин торнамо ҳамчунин бозиҳоро зиёд ҷустуҷӯ мекардаанд.

Аммо тавре дида мешавад, имсол ба ҷуз аз Ҷоми ҷаҳонии футбол ва заминларзаи Ҳаитӣ танҳо овозхони амрикоӣ Ҷастин Бибер аст, ки ҳам дар даҳгонаи “Facebook” ва ҳам дар даҳгонаи “Twitter” ҷой гирифтааст. Хонандаи дигар В.о.В ҳам дар даҳгонаи имсолаи “Facebook” зоҳир мешавад, вале тавассути вожаи “Airplanes”, ки исми як таронаи маъруфи ин овозхони рэп аст.

Зимнан мақоми охиринро дар даҳгонаи имсолаи “Facebook” 2011 гирифтааст, ки ҳокист, ки корбарони ин торнамо алакай дар фикру дар андешаи соли оянда шудаанд.
XS
SM
MD
LG