Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташаббус барои тамдиди мӯҳлати Назарбоев


Имрӯз дар шаҳри шимолушарқии Уст-Каменогорски Қазоқистон як гурӯҳи ташаббускор ташкил шуд, ки мехоҳад имзоҳои мардумро ба хотири баргузории референдуми тамдидкунандаи мӯҳлати раёсатҷумҳурии Нурсултон Назарбоев то соли 2020 ҷамъоварӣ кунад. Ерлан Содиқов, ректори донишгоҳи Семипалатинск раиси ин гурӯҳ интихоб шуд, ки раҳбарии 20 намояндаи тамоми қаламрави Қазоқистонро ба ӯҳда хоҳад дошт. Ин гурӯҳ аллакай кори таблиғотии худро шурӯъ кардааст. Ҳарчанд мӯҳлати раҳбарии кунунии Назарбоев соли 2012 хотима меёбад, аммо мухолифин ҳадс мезананд, ки эҳтимолан раъйгирӣ соли оянда баргузор хоҳад шуд. Барои таъйини интихобот ба гурӯҳи ташаббускор ҷамъоварии 200 ҳазор имзо, ки ба таври баробар аз ҳар минтақаи Қазоқистон ва ду шаҳри муҳими Алмаато ва Остона кофист, ки он қонунӣ эълон шавад.
XS
SM
MD
LG