Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бознигарии равобити ИМА ва Аврупо бо Беларус


ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо гуфтанд, ки баъди саркӯби эътирозгарони интихоботи раёсатҷумҳурии Минск равобити худро бо ҳукумати Беларус бознигарӣ мекунанд. Дар изҳороти муштараке, ки имрӯз вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон ва намояндаи аршади Иттиҳодияи Аврупо Кетрин Эштон пахш карданд, инчунин аз президенти Беларус Александр Лукашенко тақозо мешавад, ки беш аз 600 эътирозгари рӯзи 19 декабр боздоштшударо озод кунанд. Полиси Беларус гуфтааст, ки дар ҷараёни эътирозҳо инчунин панҷ номзади интихоботиро ҳамроҳ бо 14 фаъоли мухолифин бо иттиҳоми “ташкили бенизомиҳо” боздошт кардааст. Ин афрод метавонанд то 15 сол равонаи зиндон шаванд.
XS
SM
MD
LG