Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташаббуси НАНСМИТ барои ислоҳоти низоми матбуот


НАНСМИТ ё Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, ки ташаббуси анҷоми ислоҳоти низоми расонаҳои хабарии ин кишварро пуштибонӣ мекунад. Рӯзи 23 декабр дар ин замина дар сайти интернетии ин созмони мудофеи озодии баён дар Тоҷикистон изҳороте нашр шуд. Ин созмон мегӯяд, ки дар шароити навсозиҳои демократӣ бояд шароити баробар ва имкониятҳои солими рақобат дар миёни матбуоти давлативу хусусӣ ба хотири таъмини гуногунандешӣ фароҳам оварда шавад. НАНСМИТ изҳороти моҳи октябри вакили Маҷлиси намояндагон Давлаталӣ Давлатовро ёдовар шудааст, ки гуфта буд, ба хотири бенақш будани бисёр нашрияҳое, ки бо пули сохторҳои давлатӣ чоп мешаванду маблағҳои зиёди буҷа ба онҳо равона мешавад, ин маблағҳо бояд коҳиш дода шаванд. НАНСМИТ мегӯяд, омода аст дар ҳамкорӣ бо ҳукумат ва парлумон бар сари таҳияи ислоҳоти низоми расонаҳои хабарии Тоҷикистон саҳм бигирад.
XS
SM
MD
LG