Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омодагии Чин барои кӯмак ба Аврупо


Чин мегӯяд, ки омода аст ба кишварҳои зери нуфузи Евро дар муқобила бо бӯҳрони иқтисодӣ дасти кӯмак дароз кунад. Сухангӯи вазири хориҷаи Чин имрӯз гуфт, ки Пекин аз роҳи Сандуқи байналмилалии пул ба минтақаи Евро бастаи кӯмакҳои молиро пешниҳод мекунад. Чин мегӯяд, ки бо назардошти бозори умдаи фурӯши моли чиноӣ будани Аврупо ба ин иқдом даст мезанад. Ҳанӯз моҳи октябр Чин ба давлатҳои аврупоии қарздори шадид, мисли Юнон дар бартарафкунии қарзҳояш кӯмак кард. Ва ҳафтаи гузашта Португалия гуфт Чин ваъда додааст, ки чор миллиард доллар қарзи ин кишварро ба дӯши худ мегирад.
XS
SM
MD
LG