Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тафсилоти ҳодисаи ҳамла ба тоҷикон дар Петербург


Фирдавс Юсупов, як шаҳрванди дар задухӯрд бо гурӯҳи сартарошидаҳо захмишудаи Тоҷикистон мегӯяд, ки зидди ӯву бародаронаш ва гурӯҳи ҳамлагарон полиси Санкт-Петербург парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Оқои Юсупов мегӯяд, ки дар як ҳодисаи рӯзи 11 декабр дар назди боғи Таврическии воқеъ дар истгоҳи метрои Чернишевский ба ӯву ду бародараш гурӯҳи чаҳорнафараи сартарошидаҳо бо корд ҳамла карданд. Вале дар натиҷаи задухӯрд қариб ҳама ҳафт нафари ширкатдори ин ҳодиса захмӣ шуданд. Фирдавс Юсупов бо ҳафт захми корд ба беморхона интиқол ёфт. Вай имрӯз дар сӯҳбат бо Озодӣ дар бораи ҷараёни тафтишот чунин гуфт:

“Ҳоло ҳама санадҳои мо дар дасти муфаттиш аст. Ман, ки ҳанӯз ба худ наомадаам, ҳар рӯз беморхона меравам. Вале кор метавонад чунин ранг гирад, ки онҳо гуноҳро ба гардани мо бор мекунанд. Ҳис мешавад, ки полис мехоҳад аз онҳо тарафдорӣ кунад, ҳарчанд айб аз онҳо аст”.

Дар як мусоҳиба бо радиои Озодӣ раиси ҷамъияти тоҷикони Санкт-Петербург Назар Мирзода гуфт, ки ин ҳодиса бо ошӯбҳои гурӯҳҳои нажодпараст дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия иртибот мегирад. Ин созмон бародарон Юсуповҳоро бо вакили мудофеъ таъмин кардаанд.
XS
SM
MD
LG