Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

USAID атфолро ба таҳсил ҷалб мекунад


Мақомоти маорифи Тоҷикистон ва оҷонсии ИМА оид ба рушд USAID ахиран барномаи нави сесолаеро роҳандозӣ карданд, ки ба коҳиши шумори атфоли аз таҳсил дурмонда равона шудааст. Ҷалби бештари атфоли синни мактаб ба таҳсил заминаҳои рушди сифати таълим ва дастрасӣ ба таҳсил, таъмин бо кор ва рушди иҷтимоии фардро таъмин мекунад, мегӯяд ин тарҳ. Дар оғози соли нави таҳсили имсола вазорати маориф гуфта буд, ки шумори кӯдакони аз мактаб дурмонда “ангуштшумор” аст, ҳарчанд созмонҳои байналмилалӣ ҳадс мезананд, ки аксарияти 20 ҳазор атфоли хиёбониву коргари Тоҷикистон аз таҳсил дар канор мемонанд. USAID мегӯяд, ки то имрӯз барномаҳои такмили таҳсили ибтидоии ин оҷонс дар Тоҷикистон ба беш аз 135 ҳазор кӯдак ва даҳ ҳазор омӯзгори макотиби ҷумҳурӣ мусоидат кардааст.
XS
SM
MD
LG