Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли генерали ироқӣ дар Бағдод


Шаби гузашта дар Бағдод афроди ношинос ба мошини генерали артиши ироқӣ ҳамла карда бо силоҳи бесадо ӯро кушта ва духтарашро захмӣ бар ҷой гузоштанд. Вазири умури дохилӣ ва дифои Ироқ гуфт, ки мошини генерал Имод Ҳашам дар минтақаи Мансури Бағдод буд, ки мавриди ҳамла қарор гирифт.
Айнан ҳамингуна як ҳамлаи дигаре бо силоҳи бесадо шаби гузашта дар минтақаи Амирияи Бағдод рух дод, ки бар асари он полковники полис Маҷид Ҳамид маҷрӯҳ шуд. Рӯзи сешанбе нахуствазир Нурӣ Ал-Моликӣ таъмини амниятро дар Ироқ яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи ҳукумати нави ин кишвар хонд.
XS
SM
MD
LG