Пайвандҳои дастрасӣ

Раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Туркия густариши ҳамкориҳои энержӣ миёни ду кишварро аз самтҳои муҳим дар равобити тарафайн унвон карданд. Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулло Гул бар фаъолтар намудани кори Комиссияи байниҳукуматии иқтисодии ду кишвар таъкид намуда, пешниҳоди навро доир ба таъсиси бахши энержии он, муҳим арзёбӣ намуданд.

Ин нуқтаро Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллоҳ Гул, раисони ҷумҳури ду кишвар
дар ҳамоиши иқтисодии тоҷирону соҳибкорони тоҷик ва турк, ки рӯзи 22-юми декабр дар Истанбул баргузор шуд, баён доштанд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар зимн аз афзоиши гардиши молу коло миёни ду кишвар ибрози қаноатмандӣ карда ва гуфтааст, дар Тоҷикистон 53 корхонаи муштараки туркӣ- тоҷикӣ ва ё туркӣ фаъолият мекунанд.

Аммо ба гуфтаи ӯ, имконот барои тавсиаи ҳамкориҳои иқтисодӣ зиёд аст ва ду кишвар бо истифода аз онҳо метавонад тиҷорати дуҷонибаро ривоҷ бидиҳанд. Абдуллоҳ Гул, раиси ҷумҳури Туркия, аз тоҷирони кишвараш хостааст, аз имконоти мавҷуд барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон истифода кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулло Гул ҳамчунин ба густариши соҳаҳои афзалиятнок ва судовари иқтисоди Тоҷикистон чун гидроэнергетика, саноати маъдани кўҳӣ, коркарди амиқи нахи пахта, меваю савзавот, аз алюминий ва ба соҳаи туризм таъкид карданд.

Дар анҷоми форум, бо ҳузури сарони ду кишвар, миёни ассотсиатсияи соҳибкорони Тоҷикистон ва конфедератсияи соҳибкорон ва саноати Туркия ёддошти тафоҳум оид ба густариши ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия дар чанд соли ахир тавсеа пайдо карда ва тибқи оморҳои расмӣ, мубодилоти коло дар соли ҷорӣ маблағи ҳудуди 400 миллион долларро ташкил додааст.

Нишасти Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ

Ҳамзамон имрӯз дар шаҳри Истанбули Туркия нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ баргузор мешавад. Тоҷикистон, Эрон, Туркия, Покистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистону Ӯзбакистон ва Туркманистону Қирғизистон аъзои ин созмонанд. Ҳадафи ин созмон тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои минтақа аст.

Зимнан, СҲИ дар соли 1985 аз сӯи Эрон, Покистон ва Туркия ташкил шудааст. Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, кишварҳои тозаистиқлоли Тоҷикистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон низ ба ин созмон пайвастанд. Бо шумули Афғонистон, ҳоло дар ин созмон даҳ кишвар аъзо аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG