Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҳафта дар оинаи матбуот


Боздошти маҳбусони фирорӣ дар Афғонистон, афзоиши қимати нерӯи барқ дар соли оянда, эҳтимоли бозгашти марзбонони рус ба Тоҷикистон, хушунатҳои қавмӣ дар Русия, фаъолияти парлумони кишвар дар як соли баъди интихобот ва мизони маҳбубияти афроди саршиноси кишвар дар соли 2010-ро метавон матолиби аслии нашрияҳои чопи ин ҳафта арзёбӣ кард.

«Побег из тюрми идома дорад» унвони матлабе аз ҳафтаномаи «Озодагон» аст. Муаллиф дар ин матлаб ҳодисаи дастгир шудани чанде аз фирориёни маҳбаси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор дода ва аз ниҳодҳои интизомиву амниятии Тоҷикистон интиқод кардааст, ки натавонистаанд ин маҳбусонро дар ватан боздошт кунанд. Ба андешаи муаллиф, дастгир шудани маҳбусоне, ки моҳи август аз зиндони дорои низоми шадиди Тоҷикистон тавонистанд фирор кунанд, агар аз як сӯ нотавонии ин ниҳодҳо дар амри иҷрои масъулияташонро ба намоиш гузошта бошад, аз сӯи дигар далели осебпазир будани марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон аст.

Аммо ҳафтаномаи «СССР» ба масоили фирори маҳбусон ва нооромиҳои ахири водии Рашт аз зовияи дигар нигариста ба чунин натиҷа расидааст, ки дар вуқӯи ин ҳаводис, Русия манфиатдор аст. Зеро мехоҳад дубора сарҳадбонони худро ба марзи Тоҷикистон ва Афғонистон ворид ва бо ҳамин истиқлолияти кишварро таҳти суол қарор диҳад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки муаллифи нашрияи «Азия плюс» А. Холиқов, сарҳанги мустаъфии Кумитаи амният ва муовини раиси Шӯрои собиқадорони марзбонони Тоҷикистон мӯътақид аст, ки мавзеъгирии бархе аз рӯзномагорон дар мавриди бозгашти марзбонони Русия бар манфиати ҷумҳурӣ нест. Ӯ бархе аз масоилеро мисли таъмини муассири марзбонони тоҷик бо силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ва маводди сӯхт, ба кору ҳамкорӣ ҷалб шудани мардуми маҳаллӣ бо марзбонони Русия дар солҳои пешин ва маоши хуб дарёфт кардани сарбозони нерӯҳои марзбонии Русия дар Тоҷикистонро, ки ба гуфтаи ин муаллиф 90 дар сади ҳайати онро ҷавонони тоҷик ташкил медоданд, барои Тоҷикистон муфид хонда гуфтааст, ки сӯҳбатҳои Максим Пешков –намояндаи вазорати умури хориҷаи Русия дар мавриди имкони бозгашти марзбонони Русияро бояд оғози нек пиндошт. Зеро афзудааст ин собиқ корманди амният, тағйироти босуръати минтақа ва махсусан нооромиҳои Афғонистон як чунин вазъро ба вуҷуд овардааст, ки ҳифозати марз барои Тоҷикистон сангинӣ мекунад.

Нашрияи «Миллат» матлаберо бо номи «Ҷанги дағалона ва бешармона ба қалами рӯзноманигор Турко Дикаев чоп кардааст. Дар ин матлаб низ муносибати Русия бо атбои муҳоҷири кишварҳои шӯравии пешин дар қаламрави ин кишвар мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст. Муаллиф ҳаводиси ахири Маскавро, ки боиси куштори чанде аз шаҳрвандони ғайрибумӣ шудааст ба таҳқиқ кашида ва ба ин натиҷа расидаст, ки дар пушти ин иттифоқот ва фаъолияти ҷараёнҳои бегонаситезу скинҳедҳои русӣ, доираҳои муайяне дар мақомоти болоии Русия қарор доранд. Нигоранда кашфи як бомбаи калон дар маҳали иқомати чанде аз атбои тоҷик дар Русияро, ки бо иттиҳоми узвият дар «Ҳизбут-таҳрир» дастгир шудаанд, бофтаи ниҳодҳои амниятии ин кишвар хондааст.

Нашрияи «Озодагон» аз коршиносон ва сиёсатмадорон пурсидааст, ки иқдоми ширкати «Барқи тоҷик» барои боло бурдани нархи нерӯи барқ аз соли оянда ба вазъи мардум чӣ таъсир хоҳад дошт? Раҳматулло Зойиров -раиси ҲСДТ гуфтааст, «Мо ҳоло пардохти ҳаққи нерӯи барқро ба кишварҳои Аврупо баробар карда истодаем. Дар ин сурат бояд моҳона, нафақа ва дигар масрафҳои иҷтимоӣ ҳеҷ набошад ба ҳадди ақали Аврупо баробар карда шавад. Дар ғайри ҳолат, ин як сиёсате мебошад, ки давлат шаҳрвандони худро ғорат карда аз ин ҳисоб ба таъмини мақомоти худ мекӯшад». Аммо Исмоил Талбаков- муовини раиси ҲКТ гуфтааст, ки ҳарчанд ин тасмим ба зиндагии хонаводаҳои камбизоат бетаъсир буда наметавонад аммо тадбири табиӣ ва зарурист. Зеро бо ин сурат метавон хароҷоти истеҳсоли нерӯи барқро пӯшонд ва ҳамчунин барои харидории таҷҳизоти зарурӣ ба ширкати барқрасон маблағ пайдо кард.

«Ҳукумат волидонро тарбия мекунад» чунин унвон дорад матлабе дар «Наҷот» -нашрияи ҲНИТ, ки дар он тарҳи қонуни нав «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст. Исломиддини Файзалӣ- корманди Академияи улуми ҲНИТ гуфтааст, ки бархе аз моддаҳои ин қонун ҳуқуқ ва озодиҳои мазҳабиро салб карда ва падару модарро дар вазъияти ногувор қарор медиҳад. Ин таҳлилгар гуфтааст, ки тӯли ҳафтод соли замони шӯравӣ, сиёсати зиддиисломӣ натавониста буд мардумро аз дину мазҳабаш ҷудо кунад, аз ин рӯ манъи ширкати ҷавонони то 18 сола дар гузоридани намоз дар масҷид, як навъ нақзи ҳуқуқи инсонҳо аст ва бояд ин моддаҳо аз ин қонун берун карда шаванд.

«Парламенти косметикӣ ва ё тағйироти зуҳравӣ» унвони матлабе аз рӯзномаи «Имрӯзнюс» аст, ки ба қалами рӯзноманигор Абдуазими Абдуваҳҳоб тааллуқ дошта ва як соли кори парлумони Тоҷикистон таҳти раисии Шукурҷон Зуҳуровро ба баррасӣ гирифтаст. Бархе аз вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҷумла Ҷумъабой Сангинов кори парлумони навро дар муқоиса бо парлумонҳои пешина бобарор хондааст. Аммо Муҳиддин Кабирӣ вакили дигар дар ин парлумон бо ин вуҷуд, ки гуфтааст бархе аз тағйироти ҷузъӣ ба назар мерасад, вале ҳамоно парлумон рисолати худро ба унвони як шохаи алоҳида ҳанӯз натавонистааст ба анҷом расонад. Ба гуфтаи Саймиддин Дӯстов, таҳлилгари мустақил, иллати мустақил набудани парлумон дар он аст, ки вакилони он таъйиншудаанд, дар ҳоле, ки бояд интихоби мардум бошанд.

Ва дар охир аз ҳафтаномаи «Нигоҳ». Дар як матлабе ин нашрия рейтинг ва ё мизони маҳбубияти афроди саршиноси кишварро, ки тавассути назарсанҷӣ миёни коршиносон ва хонандагони худ доир кардааст, ба нашр расонидааст. Бар пояи ин назарсанҷӣ, беҳтарин сиёсатмадори соли кишвар Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳурӣ, беҳтарин дипломат Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири умури хориҷӣ, соҳибмансаби сол- Маҳмадсайид Убайдуллоев-шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллӣ, беҳтарин бонкир Шариф Раҳимзода-раиси Бонки миллӣ, рӯҳонии беҳтарин сол-Ҳочӣ Мирзо, беҳтарин соҳибкор Зайд Сайидов-раиси Иттиҳодияи соҳибкорон, саховатпешаи сол Ҳасан Асадуллозода-раиси «Ориёнбонк» ва рӯзноманигори беҳтарини сол Олга Тутубалина-хабарнигори нашрияи «Азия плюс» шинохта шуданд.
XS
SM
MD
LG