Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишасти Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ шурӯъ мешавад


Дар шаҳри Истанбули Туркия имрӯз нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ баргузор мешавад. Тоҷикистон, Эрон, Туркия, Покистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистону Ӯзбакистон ва Туркманистону Қирғизистон аъзои ин созмонанд. Ҳадафи ин созмон тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои минтақа аст. Пеш аз ин нишаст дар Истанбул, ҳамоиши иқтисодии тоҷирону соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркия баргузор шуд, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллоҳ Гул раисони ҷумҳури ду кишвар ҳузур доштанд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз афзоиши гардиши молу коло миёни ду кишвар ибрози қаноатмандӣ карда ва гуфтааст, дар Тоҷикистон 53 корхонаи муштарак фаъолият мекунанд.
XS
SM
MD
LG